Вазир сардорони милисаро барои порагирии тобеинашон ҷазо дод (АКС)
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон аз фасодкорӣ дар ниҳоди тобеяш изҳори нигаронӣ кард.
Раҳимзода, имрӯз, 31-уми январ зимни ҷаласаи селекторӣ, ки бо ҷалби тамоми кормандони ин ниҳод аз минтақаҳо баргузор шуд, содир гардидани ҷиноятҳои коррупсиониро миёни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ ташвишовар хондааст. Вазири умури дохилӣ зимни ин видео-конфронс нисбати сардорони ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, ки кормандонашон даст ба ҷиноятҳои коррупсионӣ задаанд, ҷазои интизомӣ татбиқ намуд.
Дафтари матбуоти ВКД аз қавли вазир овардааст, ки коррупсия пеши роҳи рушди ҷомеаро мегирад ва танҳо дар якҷоягӣ метавон бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурд. Ӯ таъкид намудааст, ки кормандони милиса бояд бо ахлоқи ҳамида, рафтору кирдор ва ватандӯстиву ватанпарастӣ намунаи ибрати дигарон бошанд ва дар пешгирӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта тамоми кӯшишу ғайрати худро равона созанд: “Зеро Вазорати корҳои дохилӣ низ яке аз субъектони муборизабаранда бо коррупсия мебошад”.
Таъкиди Раҳимзода ба зарурати мубориза бо фасод дар ҳолест, ки бар асоси назарпурсии ахир аҳолии Тоҷикистон мақомоти муборизабаранда бо коррупсияро фасодзада арзёбӣ кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |