Сарчашмаи “сарватҳои Худодода”-и Президентро ошкор карданианд
Омурбек Текебоев, раҳбари ҷиноҳи “Ота Макон” дар парлумони Қирғизистон гуфтааст, Алмосбек Отамбоев дар бораи дороиҳояш бисёр суҳбат мекунад, вале намегӯяд, онҳо аз кадом ҳисобанд.
Ӯ дар як нишасти хабарӣ изҳор дошта, ки “Отамбоев мегӯяд, ин сарватро ба ӯ Худованд додааст. Ҳамаи мо медонем, ки вакил Осмонбек Ортиқбоев дору ва раиси порлумон Чинибой Турсунбеков орд мефурӯшанд ва даромад ба даст меоранд. Вале президент чӣ?”.
Раҳбари ҷиноҳи “Ота Макон” гуфта, дар Соли фарҳанг ва ахлоқ мехоҳад аз президент дархост кунад, то шарҳ диҳад, ки ин дороиҳои ӯ аз кадом ҳисобанд, чанд ҷойи корӣ таъсис дод ва чи қадар андоз пардохтааст: “Бигзор президент гӯяд, ки чи истеҳсол мекунад. Тило ё сехи дӯзандагӣ дорад ва ё тарбуз мепарварад?”.
Сиёсатмадори қирғиз мегӯяд, як қатор корхонаҳо дар кишвараш, аз ҷумла ширкати "Қирғизавтомаш" моли Алмосбек Отамбоеванд ва ӯ ҳатто талош кардааст, ин иттилоъро санҷад. “Отамбоев дар ин корхонаҳо ҳисса ё саҳм надорад. Миёни ӯ ва корхонаи "Автомашрадиатор" низ пайванде дида намешавад. Корхона ё заминҳое, ки қаблан хусусӣ шудаанд, ба фурӯш рафтаанд”, - илова кард вакили қирғиз.
Текебоев афзуд, дороиҳое, ки гӯиё Худованд ба Отамбоев додааст, баъди соли 2010 ба даст омадаанд ва ба назари ӯ, рӯзҳои наздик рози сарватҳои президенти Қирғизистон ошкор хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |