Р. Эмомалӣ то декабр наметавонад № 2-и Тоҷикистон шавад
Рустами Эмомалӣ, раиси навтаъини шаҳри Душанбе наметавонад, то охири соли ҷорӣ ба узвияти Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон қабул шавад.
Рустами Эмомалӣ, ки моҳи равон дар садри шаҳрдории Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоевро иваз карду гуфта мешуд мақоми дуюми Убайдуллоев-раҳбарии Маҷлиси миллиро низ ба уҳда хоҳад гирифт, ҳадди ақал то 19-уми декабри соли равон ин имконро надорад.
Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон барои узвият дар палатаи болоии парлумон қонунгузории кишвар муқаррар кардааст, ки номзад бояд ҳадди ақал 30-сола бошад.
Раиси нави шаҳри Душанбе феълан 29-сола буда, 19-уми декабри соли равон 30-сола хоҳад шуд.
Раиси Маҷлиси Миллӣ, ки дар низоми давлатдории Тоҷикистон баъди Президент нафари дуюм ба шумор меравад, феълан Маҳмадсаид Убайдуллоев мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |