Муддаиёни Ҷоизаи Лоҳутӣ 17 рӯзи дигар фурсат доранд
Иттифоқи журналистони Тоҷикистон муҳлати охирини пешниҳоди матолиби журналистон барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ дар соли 2016-ро эълон кард.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” гуфтанд, довталабон метавонанд матлабҳои таълифкардаи худро аз 11 марти соли 2016 то 31 декабри соли 2016 то соати 17:00-и 17 феврал ирсол намоянд. Ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ дар бахшҳои матбуот, телевизион, радио ва илмӣ-тадқиқотӣ супурда мешавад: “Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номиАбулқосим Лоҳутӣ дар рӯзи матбуоти тоҷик - 11 марти соли 2017 супорида мешавад. Ба ғолибон мукофотипулӣ, шаҳодатномаи ғолибияти Ҷоиза ва нишони сарисинагии Ҷоиза тақдим карда мешавад”.
Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ барои соли 2015 ба таври истисноӣ 17 октябри соли 2016 супурда шуд. Иршод Сулаймонӣ, хабарнигори “Озодагон”, Маҳмадалӣ Мақсадуллоҳ, муҳаррири “Чархи гардун” ва Абдулмаҷид Бобоҷонову Ҳасан Юсуфи Файзбахш дар бахши матбуот, Исматуллоҳи Азиз, сардабири барномаҳои таҳлилии “Ҷаҳоннамо” дар бахши телевизион, Шариф Муллоев, мудири кафедраи матбуоти Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар бахши илм соҳиби ҷоизаи Лоҳутӣ гардиданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |