Вазир: Талабот ба алюминий каму нархаш поин рафт
Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, соли 2016 дар кишвар 129 ҳазор тонна алюминий истеҳсол шудааст, ки нисбати нақша кам мебошад.
Ҳикматуллоҳзода, имрӯз, 31-уми январ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе далели коҳиши истеҳсоли алюмнийро камшавии талабот ва поинравии нархи он арзёбӣ кард. Ба гуфтаи вазир нархи як тонна алюминий дар соли 2016 ҳудуди 1650 доллари амрикоиро ташкил дод. Ӯ афзуд, талабот ба алюминийи тоҷик аз сӯи Украина, Қазоқистон, Узбакистон ва дигар кишварҳо, ки аз харидорони асосӣ мебошанд, камтар шудааст.
Дар мавриди истеҳсоли алюмний дар соли равон Ҳикматуллоҳзода изҳор дошт, ки нақша 179 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад ва он вобаста ба талабот метавонад тағйир ёбад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |