Худо туро дӯст медорад: Туҳфаи кӯдакони тоҷик ба ятими қирғиз (АКС)
Ҷавонони фаъол ва кӯдакони Тоҷикистон ба Жакшилик Шералиев, кӯдаки 7-солаи қирғиз, ки дар пайи суқути ахири ҳавопаймо ятим монд, кӯмак кардаанд.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Қирғизистон кӯдакони тоҷик барои дастгирии Жакшилик тариқи сафорати ин кишвар ба ӯ бозичаҳо, китобҳо, мактубҳо ва 250 доллари амрикоӣ равон кардаанд. Парвин Эргашева, намояндаи ҷавонони тоҷик зимни пешниҳоди ин кӯмаки кӯдакони тоҷик ба Жакшилик изҳор доштааст, ки сокинони Тоҷикистон дар андуҳи ҳамсояҳояшон шариканд.
Кӯдакони тоҷик аз Душанбе дар номаҳояшон ба Жакшилик изҳор доштаанд, ки ғамгин нашавад, Худо ӯро дӯст медорад ва ҳатман дӯстони зиёд пайдо хоҳад кард.
Жакшилик Шералиев, кӯдаки 7-солаи қирғиз дар пайи суқути ҳавопаймои "Боинг-747" дар болои маҳалли зисташон аъзои хонавода-волидони 26-сола ва ду хоҳарчаашро аз даст дода, ятим монд. Дар маҷмуъ суқути ҳавопаймои боркаши "Боинг-747" наздики 40 кушта бар ҷой гузошт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |