Президент Мирзозодаро барои фасодкорӣ барканор кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як фармон Мирзозода Ғайбулло Азизуллоро аз мақоми раиси суди ноҳияи Нуробод озод кард.
Дар фармони раисҷумҳури Тоҷикистон, ки 30-юми январ имзо шудааст, далели барканории Мирзозода қонуншиканӣ ҳангоми баррасии парвандаҳо арзёбӣ гардидааст: “Мирзозода Ғайбулло Азизулло бинобар риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо ва содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи раиси суди ноҳияи Нуробод озод карда шавад”.
Се сол қабл Абдулҳаким Алимов, раиси додгоҳи ноҳияи Нуробод бо иттиҳоми ришваситонӣ аз сӯи Оҷонсии зидди фасод боздошт шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |