Мақомоти Канада: Ҳамла ба масҷид амали террористии зидди мусалмонҳост
Пулиси шаҳри Квебеки Канада аз марги 5 тан дар ҳамлаи мусаллаҳона ба масҷид хабар медиҳад. Ин ҳамла ҳангоми адои намоз сурат гирифт ва мақомот онро "амали террористии зидди мусалмонон" унвон карданд.
Сухангӯи пулис пештар хабар дод, ки ду гумонбари ҳамла боздошт шудаанд. Бино бар иттилои расонаҳо, дар ин ҳамла дасти кам 4 кас ҷон бохтааст. Пулис шумори дақиқи кушташудаҳоро то кунун хабар надодааст.
Раиси шаҳри Квебек Филип Куйяр ҳамларо "хушунати бераҳмона" унвон кард. Вай афзуд, ин "амали террористӣ буда, зидди мусалмонҳо равона шудааст".
Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо дар шабакаи иҷтимоии Twitter навишт, ки "Ин шаб сокинони Канада барои қурбониёни ҳамлаи масҷиди Квебек ашк мерезанд. Ҳама ёду хотири ман машғули қурбониҳо ва пайвандони онҳост".
Хабаргузории Reuters навишт, ки се мусаллаҳ сӯи чиҳил намозгузор тир кушодаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |