Бахшҳо

Норозигии Рустами Эмомалӣ аз троллейбусҳо ва супориш барои кор дар 2 баст

Рустами Эмомалӣ, раиси нави шаҳри Душанбе охири ҳафтаи гузашта аз корхонаи коммуналии «Троллейбус» боздид карда, хостори хизматрасонии троллейбусҳо то соати 23-и шаб шудаст.

Тибқи иттилои шаҳрдорӣ зимни боздид, таъкид гардид, ки фаъолияти имрӯзаи троллейбусҳо дар шаҳр чандон ҷавобгӯи талаботи мусофирон набуда, беҳбудии ҷиддиро талаб мекунад: “Зимни мулоқот бо ҳайати роҳбарӣ ва техникии корхона ба фаъол сохтани хатсайрҳои мавҷуда ва ифтитоҳи хатсайрҳои ҷадид дар шаҳри Душанбе дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд”.

Шаҳрдори Душанбе хостори таҷдид намудани парки троллейбусҳо ва баланд бардоштани маданияти хизматрасон ба мусофирон супориш додааст, ки хизматрасонӣ ба мусофирон дар 2 баст, то соати 23:00-и шаб ба роҳ монда шавад. Рустами Эмомалӣ инчунин барои таъмиру таҷдиди минтақаҳои таъмирталаби хатҳои ҳаракати троллейбус супориш додааст.

Ин боздиду дастурҳои Рустами Эмомалӣ дар ҳолест, ки шаҳрдории Душанбе ният дорад, зина ба зина дар кӯчаҳои пойтахт ба ҷои “старекс”-у “мерседес”-ҳои мусофирбар ҳаракати автобусу троллейбусҳоро роҳандозӣ кунад. Ғаюрбек Искандаров, директори муассисаи “Душанбенақлиётхадамотрасон" 18 январ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфта буд, ки "корро аз кӯчаи Неъмат Қарабоев оғоз мекунем ва зина ба зина монанди хиёбони марказӣ дар кӯчаҳои дигари пойтахт роҳандозӣ мешавад”.

Раиси “Душанбенақлиётхадамотрасон” далели ивазкунии “старекс” ва “мерседес”-ҳоро ҳалли мушкили мусофирбарӣ ва ҷилавгирӣ аз танбашавии нақлиёт арзёбӣ кард.
Мӯҳр
Тарнспортер
Ҳама кори дунё ченаку меъёр дорад. Нақлиёти шаҳрӣ як бахши бузурге ҳаст, ки барои омӯзишу таҳлил ва қабули қарор дар ин соҳа донишкадаву марказҳои таҳқиқотӣ кор мекунанд. Бо ду даст дар кисса омада, интур кунед, вай тур кунед гуфта супориш додан ин масъала ҳал намешавад.
Аввал ҳисоб карда бинед, дар худи ҳамин шаҳр чанд маршрутка ҳаст, оё ягон арқом ё омор ҳаст? Агар дар Душанбе якуним миллион одам зиндагӣ кунанд, бо он ҳолати хизматрасоние, ки то ҳол дида истодем, ба камаш дар шаҳр 6 -7 ҳазор Старексу Мерседес бошад бояд. Барои иваз кардани онҳо, на кам аз 100-150 автобусу тролейбус лозим мешавад.
аз тарафи дигар, ин Старексу Мерседесҳо ба камӣ 2 оиларо мехуронанд. Пас, 30-35 ҳазор одам дар пайдо кардани қути лоямуташон сарсон мешаванд. Кӣ фикри инро кардааст?!


Раиси мухтарам фикри тамбашави дар истгох ва аз кору дарс дермонии одамонро низ кунед.

Далер
Все что он желает это правильно. НО когда уберут маршрутки с дорог тогда мы с троллейбусами не успеем во время на роботу! А на работу опоздать и решиться премии как то не хочется

Ман хами як пешниход дорам: хаму троллейбусхое,ки дар кучахои шахр мегарданд бандхои гову хар овезон дар шохахояшон хамон ё бурида шавад ё хамон кондукторхое,ки дар пушти троллейбус нишаста ису усу управлять мекунад хамон бандхокати шоххои троллейбусро ягон чои Барохаттар мухаё карда шавад дар болои троллейбус ё пушташда. Дар ягон руи дунё надидам,ки дар шохи троллейбус банд бандан ва ису усу кашан.. ин шармандаги аст барои мо.

8
Илтимос маршрути №2ро ба холати авалааш баргаронед мардум намедонад ки то идораи андозу театри чавонон ва гулистон чи хел раванд.Илова бар ин пештар бо як сомони то сирка мерафтанд акнун бо ду 2 сомони то сирка мераванд.Ин маршрут хамаги кисмати ками кучаи Каробоевро бурида мегузарад ки ин кисмат хело ночиз буда ба рафти дигар наклиет халале ворид намесозад.Рахмат.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)