Бахшҳо

Ҳамдардии вазири нақлиёт ба наздикони ҳалокшудагон ва дастур ба ширкатҳои ҳавоӣ

Худоёр Худоёрзода, вазири нави нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, роҳ дар масири Хуҷанд баста буда, роҳ ба Хоруғ кушода шуд.

Худоёрзода имрӯз, 30-юми январ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар ҳар ду масир талафоти ҷонӣ рух додааст. Ӯ талафоти ҷониро ҷуброннопазир хонда, ба наздикони ҳалокшудагон ҳамдардӣ баён намуд.

Вазири нави нақлиёт изҳор дошт, ки феълан техникаҳо дар масири Душанбе-Хуҷанд кор карда истодаанд. Ба гуфтаи ӯ муовинонаш дар ҷои ҳодиса қарор доранд ва худаш низ барои назорату огоҳии фаврӣ аз вазъ то соати 2-и шаби гузашта дар дафтари корӣ буд.

Худоёрзода афзуд, ки ба ширкатҳои ҳавоӣ-“Сомон Эйр”-у “Тоҷик Эйр” дастур додаанд, то парвозҳо дар масири Душанбе-Хуҷандро бештар кунанд: “Дирӯз 3 парвоз ва имрӯз аллакай ду парвоз анҷом дода шуд”.

Вазир гуфт ният доранд, ҷадвалеро таҳия намоянд то ҳаракати сокинонро дар шароити номусоидии боду ҳаво танзим кунанд. Ӯ аз аҳолии Тоҷикистон даъват намуд, ки то ҳадди имкон аз сафар худдорӣ кунанд.

Ин дар ҳолест, ки тарма ва садамаҳои нақлиётӣ рӯзҳои истироҳати гузашта дар роҳҳои Тоҷикистон 15 кушта барҷой гузоштанд. Мақомоти наҷотдиҳӣ мегӯянд, ин омор метавонад бештар шавад, зеро феълан корҳои кофтукобӣ идома дорад.
Мӯҳр
Мусофир
Парвозхо хам зиед карда шаванд,лекин аксарияти мардум маблаге надоранд ба воситаи хавопаймохо ба Хучанд сафар кунанд. Нарххо бенихоят гаронарзиш мебошанд, чаноби вазир.

Мухтаррам Вазир мо аз Шумо боварии комил дорем, ки шумо аз ухдаи хама коро мебуроед!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)