Ҳамадонӣ: Боздошти шаҳрвандони Бангдалеш бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз
7 шаҳрванди Бангладеш бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистону Афғонистон боздошт шудаанд.
Насим Носиров, як масъули Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мегӯяд, ин шаҳрвандони хориҷӣ талош кардаанд, марзи Тоҷикистонро тариқи деҳаи Чубеки ноҳияи Мирсайид Алии Ҳамадонӣ убур намоянд.
Носиров имрӯз, 27 январ дар нишасти хабарие дар ноҳияи Ҳамадонӣ гуфт, шаҳрвандони Бангладеш рӯзи 9 январи соли 2017 боздошт шудаанд. Ӯ афзуд, бино ба иттилои дарёфтӣ ин афрод қасд доштаанд, ки ба гуруҳҳои ифротӣ бипайванданд: “Нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад”.
Насим Носиров аз шарҳи бештари боздошти шаҳрвандони Бангладеш худдорӣ карда афзуд, дар пайи анҷоми тафтишот маълумоти бештар ироа хоҳанд кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |