Ниҳодҳои фасодзадатарини Тоҷикистон кадомҳоянд?
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоливу Вазорати маориф ва илм аз фасодзадатарин ниҳодҳои кишвар унвон шуданд.
Сулаймон Султонзода, раҳбари нави Оҷонсии зидди фасод имрӯз, 27 дар нишасти хабарӣ гуфт, соли 2016 дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 103 ҷиноят ва дар Вазорати маориф ва илм 90 ҷиноят ба қад расидааст: “Ҷиноятҳои коррупсионӣ дар Вазорати нақлиёт 24, Вазорати кишоварзӣ 13, Вазорати энергетика ва захираҳои об 11, Вазорати меҳнат 8, Кумитаи давлатии заминсозӣ 31-то ба қайд гирифта шудааст”.
Раҳбари оҷонсӣ афзуд, дар ҷамъиятҳои саҳҳомӣ 266, миёни соҳибкорони инфиродӣ 302, дар соҳаи бонкӣ 328 ва дар дигар идораву корхонаҳо 320 ҷинояти коррупссионӣ ошкор гардидааст. Ҷаноби Султонзода мегӯяд, давоми соли сипаришуда аз ҷониби ниҳоди зертобеаш 1833 ҷинояти коррупсионӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бештари он ба вилоятҳои Хатлон (511) ва Суғд (491) рост меояд: “Ҷиноятҳои коррупсионӣ дар Душанбе 401, Ноҳияҳои тобеи марказ 310 ва дар ВМКБ 120 ададро ташкил медиҳанд”.
Манбаъ мегӯяд, маблағи умумии аз ин ҷиноятҳо ошкоргардида 187,2 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки 96,1 миллион сомонии он барқарор шудааст: “Бештари инро ҷиноятҳои дуздӣ бо роҳи азонихудкунӣ ва исрофкорӣ ташкил медиҳад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |