Муроҷиати Рустами Эмомалӣ ба Оҷонсии зидди фасод барои санҷиши фаъолияти шаҳрдорӣ
Абдукарим Зарифзода, муовини раиси Оҷонсии мубориза бо фасод мегӯяд, дар асоси муроҷиати раиси шаҳри Душанбе ва сокинони пойтахт фаъолияти шаҳрдории пойтахт мавриди санҷиш қарор гирифтааст.
Зарифзода имрӯз, 27 январ дар нишасти хабарии оҷонсӣ гуфт, санҷишҳо асосан дар бастагӣ ба азхудкунии маблағҳои буҷа ва саҳмгузорӣ дар “Манзили дастрас” сурат мегиранд: “Санҷишҳои нақшавӣ дар ҳама ниҳодҳо бояд ду сол пас сурат бигирад ва санҷиши навбатии фаъолияти шаҳрдорӣ низ бояд моҳи майи соли 2018 доир мешуд”. Аммо ба гуфтаи ӯ, дар пайи дархости Рустами Эмомалӣ, раиси нави шаҳри Душанбе ва муроҷиати ду сокини шаҳр санҷишҳо шурӯъ гардиданд.
Рустами Эмомалӣ 12 январи соли равон ба ҷойи Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси шаҳри Душанбе таъин гардид. То он замон ӯ раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |