ВКД: Бобохонов 7 сол барқро ғайриқонунӣ истифода кардааст
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи як санҷиш дар шаҳри Душанбе чанд ҳолати истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ ошкор шудааст.
Бино ба иттилои торнамои расмии ин ниҳод, зимни ин санҷиш муайян шудааст, ки Абдураҳмон Бобохонов, як сокини 60-солаи пойтахт 7 сол аз барқи ғайриқонунӣ истифода кардааст. Ба иттилои манбаъ, ӯ “аз симчӯби барқӣ хати барқро ба манзили истиқоматиаш кашида, муддати 7 сол 272 ҳазору 160 киловатт қувваи барқро ғайриқонунӣ истифода намуда, ба ширкати саҳҳомии холдингии “Барқи Тоҷик” ба маблағи 34 ҳазору 292 сомонӣ зарари калони моддӣ расонидааст”.
Манбаъ меафзояд, инчунин ошкор шуд, ки Ҷамшед Ғуломов сокини кӯчаи Қосимоваи шаҳри Душанбе дар ошхона ва нонвойхонааш бидуни иҷозатнома ва шартномаи “Барқи Тоҷик” қувваи барқро истифода бурда, ба ин ширкат 18 ҳазору 275 сомонӣ зарар расонидааст: “Нисбати номбурдагон маводи лозим тартиб дода шуда, санҷиши пешакӣ идома дорад”.
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти хабарии чанд рӯзи қаблаш гуфт, аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 82 ҷиноят дар соҳаи барқ ошкор шудааст, ки зарари расонидашуда аз ин ҷиноятҳо 866 ҳазору 628 сомониро дар бар мегирад: “Аз ҳисоби қарзҳои истифодаи қувваи барқ 16 миллиону 809 ҳазору 73 сомонӣ руёнида, ба буҷети давлат ворид карда шудааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |