Фурудгоҳи Душанбе бо 3 миллион доллар соҳиби манораи назоратӣ мешавад

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе манораи назоратӣ бунёд мешавад. Алишер Шанбиев, муовини раҳбари корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” имрӯз, 26 январ дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, ин манора бар асоси як қарордод аз сӯи Фаронса бо маблағи 3 миллион доллар сохта мешавад: “Корҳои сохтмонӣ моҳи августи соли 2017 шурӯъ мешаванд ва бар асоси лоиҳа он бояд давоми 18 моҳ ба итмом расида, марҳилаи таҷрибавӣ гузаронда шавад”.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Созишнома миёни Тоҷикистону Фаронса барои бунёди манораи мазкурро 21 октябри соли 2015 ба тасвиб расонда буд. Шералӣ Ганҷалзода, вазири вақти нақлиёти Тоҷикистон ҳангоми муаррифии лоиҳа изҳор дошт, манора аз ҷониби ситоди генералии Вазорати мудофиаи Фаронса сохта мешавад, ки барои таъмини амнияти парвози ҳавопаймоҳо аҳамияти муҳим дорад. Ба гуфтаи ӯ, манора дар масоҳати 15 бар 15 метр бо баландии 36 метр дар муддати 15 моҳ сохта хоҳад шуд.
Алишер Шанбиев, муовини раҳбари корхонаи “Тоҷикаэронавигатсия” дар нишасти хабарӣ таъкид намуд, ҳар фурудгоҳ бояд чунин манораҳои назоратӣ дошта бошанд. Тавассути онҳо парвоз ва фуруд омадани чархболу ҳавопаймоҳо назорат карда мешавад. Вай гуфт, манораи назоратии фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд, ки лоиҳаи он феълан мавриди баррасӣ аст, бо маблағи “Тоҷикаэронавигатсия” бунёд хоҳад шуд.
Бунёди манораи назоратии 15 метрӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар ҳолест, ки Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон қасд дорад, ин фурудгоҳро аз дохили шаҳр кӯч бидиҳад. Ҷамшед Аҳмадзода, раҳбари ин кумита 18 январ дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфт, борҳост, ки нақшаи кӯч додани Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе дар нақшаи генералии пойтахт ворид ва аз он берун карда мешавад: “Барои кӯчонидани фурудгоҳ маблағи зиёд лозим аст. Аммо мо нияти кӯчонидани онро дорем”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |