"Рейтинг"-и гурзандозҳо: Дилшод Назаров боз дуюм шуд
Дилшод Назаров, гурзандози тоҷик, барандаи медали тиллои мусобиқоти олимпии Рио-2016 дар раддабандии ҷаҳонии IAAF Hammer Throw Challenge миёни гурзандозон дар зинаи дуюм ҷой гирифтааст.
Тибқи ин раддабандӣ Назаров тайи соли 2016 дар доираи мусобиқоти байналмилалӣ аз силсилаи IAAF Hammer Throw Challenge панҷ маротиба баромад карда, 236,37 холро ба даст овардааст. Назаров дар раддабандии соли гузашта низ мақоми дуюмро ишғол карда буд.
Мақоми аввалро дар раддабандии беҳтарин гурзандозони ҷаҳонӣ, бо 242.89 хол Павел Файдеки полшагӣ гирифтааст: “Ҷойи сеюмро Войтсех Новитски (232.63 хол), чорум Ашраф Элсефӣ аз Қатар (229.94 хол) ва ҷойи панҷумро Марсел Ломнитский (229.70 хол) аз Словакия соҳиб шудааст”.
Дилшод Назаров дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78 метру 68 сантиметр ҳаво дода, бо медали тилло сарфароз гашт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |