Посухи вазир: Чаро 9 332 маҳбус афв шуду Шуҳрат Қудратов не?
Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон аз шарҳи афв нашудани ҳуқуқшиноси тоҷик Шуҳрат Қудратов худдорӣ кард.
Оқои Шоҳмурод имрӯз, 25-уми январи зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар мавриди афв нашудани Қудратов чизеро намедонад ва шарҳи ин масъаларо ба мақомоти судӣ вогузор намуд.
Ӯ афзуд, ки афв маънои пурра озод кардан нест ва нисбати бархе маҳкумшудаҳо қисман татбиқ мегардад. Ба иттилои вазири адлия дар маҳбасхонаҳои тобеи ин ниҳод то ҳол қонуни афв нисбати 9 ҳазору 332 маҳбус татбиқ гардид.
Ин дар ҳолест, ки Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва вакили дифои Шуҳрат Қудратов бо нашри як муроҷиатнома ба унвони Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон хост, ки меъёрҳои қонун “Дар бораи афв” нисбат ба зерҳимояш татбиқ гардад ва ӯ озод карда шавад.
Раҳматулло Зоиров ин муроҷиатномаи худро 20-уми январ, дар рӯзи 40-солагии Шуҳрат Қудратов нашр карда, таъкид намудааст, ки меъёрҳои қонуни афв дар баробари зерҳимояаш ғайриқонунӣ татбиқ нашудаанд.
Раиси ҲСДТ дар ин муроҷиатномаи худ иддао кардааст, ки татбиқ нашудани қонуни афв нисбат ба Шуҳрат Қудратов асоси ҳуқуқӣ надорад. Ба гуфтаи Зоиров татбиқ накардани меъёрҳои қонуни афв нисбати Қудратов ба бархӯрди субъективию сиёсии шахсони мансабдоре рабт дорад, ки салоҳияти табиқи қонуни мазукурро доштанд: “Ман бори дигар тамоми меъёрҳои қонуни афвро таҳлил кардам ва бори дигар мутмаин шудам, ки Шуҳрат Қудратов ба ду асос метавонист таҳти ин қонун қарор бигирад ва татбиқ накардани ин меъёрҳо ба далоили субъективӣ дар худии худ ҷинояти мансабӣ аст”.
Ҳамчунин дар ин муроҷиатномаи худ Зоиров изҳор доштааст, ки маҳкум кардани Шуҳрат Қудратов бар асоси моддаи 320, яъне талош барои додани пора, беасос ва ғайриқонунӣ буд.
Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷик ва муовини раиси ҲСДТ моҳи январи соли 2015 бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ - 320 (додани пора) ва 247 (қаллобӣ) барои 9 сол равонаи зиндон шуд. Аммо Додгоҳи олии Тоҷикистон 3 март ҳукми зиндони ӯро аз рӯи моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ лағв ва аз рӯи ин модда 87 ҳазору 600 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима баст. Моҳи марти 2015 аз ҳукми зиндони Қудратов 3 солу 8 моҳ боқӣ монда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |