Э.Раҳмон: Тоҷикистон барои дӯстию ҳамкорӣ бо Аврупо талош мекунад
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 24-уми январ дар мулоқот бо Питер Буриан, намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот изҳор доштааст, ки Тоҷикистон барои рушду густариши муносибатҳои дӯстона ва фаъоли худ бо Иттиҳоди Аврупо талоши зиёд ба харҷ медиҳад: “Дар ин замина аз имконоти Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, Шӯрои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, Муколамаҳо оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва амниятӣ, ҳамдастӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, Кумитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи муносибатҳои иқтисодӣ ва робитаҳои байнипарлумонӣ самаранок истифода менамояд”.
Ҷонибҳо аз болоравии ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо изҳори хушнудӣ карда ҷиҳати тақвияти муносибатҳо дар роҳи кам кардани таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон фикру мулоҳизаҳо баён доштаанд: “Ҳамчунин барои тақвияти бештари ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм ҳавасмандӣ зоҳир гардида, дар ин самт тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар риштаҳои фанҳои дақиқ ва технологияҳои нав манфиатбор арзёбӣ шуд”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, дар мулоқот изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ба раванди мубориза бар зидди хатару чолишҳои афзояндаи ҷаҳони муосир ва таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бештар мусоидат менамояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |