Марг дар роҳи оҳан: Модар кӯдакро монда гурехт...
Усмон Қаландаров, ноиби раиси роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯяд, соли 2016 дар кишвар 7 ҳолати зер кардани шаҳрвандон аз сӯи қатор ва 4 бархӯрд бо автомобил ба қайд гирифта шудааст.
Қаландаров имрӯз, 24-уми январ дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, 7 нафар зери қатор ҷон додаанд: “Дар пайи бархӯрдҳо бо автомобил, ки 4 ҳолат ба қайд гирифта шуд, як нафар ҷон додааст”.
Ӯ афзуд, ки маргумир дар роҳи оҳани Тоҷикистон тайи соли 2016 нисбати соли пешӣ 15 дарсад кам шудааст. Ноиби раиси роҳи оҳан таъкид намуд, ки аксари ҳодисаҳои маргбор дар роҳи оҳан дар пайи беэҳтиётии шаҳрвандон рух медиҳанд.
Ба гуфтаи Қаландаров бештари нохушиҳо дар ҳудуди Душанбе рух медиҳанд: "Бисёри сокинон беаҳамиятӣ мекунанд, роҳи оҳанро ҳамчун нишастгоҳу харак истифода мебаранд".
Ӯ зери қатор мондани кӯдакро зикр кард, ки ҳамроҳи модараш дар роҳи оҳан қарор доштааст. Вақте модар қаторро мебинад мегурезад ва кӯдакаш зери қатор мемонад.
Ноиби раиси роҳи оҳан амниятро аз самтҳои афзалиятноки корашон арзёбӣ карда, афзуд, ки ба идоракунандаҳои қатор дастур додаанд, то бо суръати пасттар, ба ҷои 100 километр дар як соат, бо суръати 50 километр ҳаракат намоянд, вале бехатарӣ таъмин бошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |