Соҳибкор шудан дар Туркманистон гаронтар шуд
Аз якуми январи соли 2017 дар Туркманистон дарёфти иҷозатнома барои ба роҳ мондани тиҷорати хурду миёна гаронтар шуд. Ба вижа, пардохтҳои гумрукӣ қариб чаҳор маротиба ва дигар навъи пардохтҳо ду баробар боло рафтааст.
Акнун соҳибкорони туркман барои дарёфти иҷозатнома 320 манат (ҳудуди 90 доллари ИМА) мепардозанд. Давраи омӯзишии дуҳафтаинаро, ки Иттифоқи истеҳсолгарон ва соҳибкорон ташкил мекунад, пушти сар мекунанд. Баъди ин дар идораи андози маҳаллӣ 720 манат (ҳудуди 200 доллар)-и дигар ҳамчун пардохти гумрукӣ сарф мекунанд ва соҳиби патент ё ҳуҷҷати соҳибкорӣ мешаванд.
Пештар дарёфти патент 180 манат ва давраи омӯзишӣ 160 манат арзиш дошт. Иттифоқи соҳибкорон мегӯяд, онҳое, ки дар давраҳои омӯзишӣ ширкат намекунанд, дар оянда дучори нофаҳмиҳо мешаванд. Баъди пардохти ҳаққи давраи омӯзишӣ ва дарёфти патенти соҳибкорӣ, соҳибкорон бояд 1600 манат (ҳудуди 450 доллари ИМА) дар хазинаи Иттифоқи истеҳсолгарон ва соҳибкорон пардозанд. Болои ин, соҳибкорон маҷбуранд ба нашрияи “Rysgal” - нашрияи Иттифоқ обуна шаванд. Обунаи солонаи нашрия 92 доллар арзиш дорад.
Барои аксари соҳибкорон дар ибтидои кор ин пардохтҳо гаронӣ мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |