Раиси “Тоҷик Эйр”: Имкони парвоз ба Самарқанд, Бухоро ва Тошкандро дорем
Хайрулло Раҳимов, раиси ширкати давлатии «Тоҷик Эйр» мегӯяд, имкони парвоз ба Самарқанд, Бухоро ва Тошкандро доранд.
Раҳимов зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки “агар масъалаи раводид ҳал шавад, мо имкон дорем ба шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд ва Бухоро хатсайр ифтитоҳ намоем”.
Ӯ афзуд, дар ҳоли ҳозир бо Узбакистон танҳо барои як хатсайр созиш шудааст ва анҷоми парвозҳо дар масири мувофиқашуда,- Душанбе-Тошканд ба уҳдаи “Сомон Эйр” вогузор гардидааст.
Раҳимов таъкид намуд, ки соли гузашта бо ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ» қарордод бастанд ва дар доираи он як ҳавопаймои “Тоҷик Эйр” дар Узбакистон аз муоинаи техникӣ гузаронда шуд: “Узбакистон аз ҷиҳати истифодаи ҳавопаймоҳои калонҳаҷм, таъмир ва омӯзиш ҷои намоёнро ишғол менамояд. Аз ҳамин сабаб мо муоинаро дар ин кишвар гузаронидем. Соли гузашта як қарордод оид ба ҳамкориро имзо кардем”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |