Директори собиқи “Ҷаҳоннамо” сухангӯи Рустами Эмомалӣ шудааст
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори нави Душанбе Абдумаҷид Ҳакимзода, роҳбари акнун собиқи телевизиони “Ҷаҳоннамо”-ро раиси Шӯъбаи иттилоот ва таҳлили пойтахт таъин кардааст.
Ҷаноби Ҳакимзода рӯзи 23 январ бо як қарори Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҳукумати Тоҷикистон аз вазифаи директори Муассисаи давлатии телевизиони “Ҷаҳоннамо” озод шуд.
Абдумаҷид Ҳакимзода яке аз журналистони пуртаҷриба буда, аз ин пештар дар шабакаҳои телевизионии “Тоҷикистон”-у “Сафина” ва дафтари матбуоти раисҷумҳур кор кардааст. Курсии сухангӯи шаҳрдори пойтахтро солҳои тӯлонӣ Шавкат Саидов дар ихтиёр дошт. Моҳи апрели соли 2015 ӯ аз ин вазифа озод ва раҳбари телевизиони “Пойтахт” таъин гардид, аммо ахиран Рустами Эмомалӣ ба ин мақом директори собиқи телевизиони “Тоҷикистон” Суҳроб Рауфовро таъин намуд.
Рустами Эмомалӣ рӯзи 12 январ ба ҷойи Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси шаҳри Душанбе таъин шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |