Бахшҳо

Нақшаи Алимардон барои ихтисори 800 коргари «Агроинвестбонк»

“Агроинвестбонк”, бонки таҳти идораи Муродалӣ Алимардон тасмим гирифтааст, барои коҳиши хароҷот ва беҳбуди вазъи молияш ҳудуди 800 коргарро ихтисор кунад.

Ин нуктаро имрӯз, 23-юми январ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе тасдиқ кард.

Нурмуҳаммадзода шарҳ дод, ки ин тадбир ба хотири кам кардани хароҷот ва солимгардонии “Агроинвестбонк” гирифта шудааст. Ӯ афзуд, кормандоне, ки аз “Агроинвесбонк” ихтисор мешаванд, агар мутахассисони хуб бошанд, бе ҷои кор намемонанд: “Ташкилоти қарзие ҳастанд, ки онҳоро ба кор мегиранд. Умуман аз руи нақшаи солимгардонии бонкҳо, яъне барои кам кардани хароҷот ва солимгардонии бонк ҳамин тадбир қабул карда шудааст. Аз рӯи маълумоти охире, ки мо дорем 800 нафарро барои ихтисор пешниҳод кардаанд. Агар мутахассисони хуб бошанд, ташкилотҳои қарзие ҳастанд, ки озмун эълон карда истодаанд, марҳамат онҳо метавонанд ба чунин ташкилотҳо муроҷиат намоянд. Мутахассиси хуб бошанд, харидорашон зиёд. Агар мутахассис ба талабот ҷавобгуй набошад, хай дар ягон ҷои дигар корашонро меёбанд”.

Раиси Бонки миллӣ аз тақдири кормандони ихтисоршудаи “Тоҷиксодиротбонк” зикр кард, ки баъзе ташкилотҳои қарзӣ аллакай онҳоро ба кор қабул карда истодаанд.

Дар маҷмуъ тибқи омор теъдоди кормандони низоми бонкӣ ҳазорҳо нафар кам шудааст. Агар соли 2015 теъдоди кормандони низоми бонкӣ беш аз 22 ҳазор нафар буд, аллакай моҳи июни соли 2016 то ба 19 ҳазор расида ва феълан боз камтар шудааст.
Мӯҳр
Ин чи гап гуфтани аст худаш боз ?
Мутахассиси хуб бошанд, харидорашон зиёд. Агар мутахассис ба талабот ҷавобгуй набошад, хай дар ягон ҷои дигар корашонро меёбанд”

Шумо дар ин чанд солхо намедонистед ё аз куча капида ба кор кабул кардед ??
Хама онхо мутахасисони хаб аст.

ориёпур
Ин кадар мрдум бекор монад хуб нест[

Nuralli
Аввал худи раиси мухтарам барои саргардонии даххо нафар клиентхои банк ва ноумеду асаби кардани онхо бояд аз кор мардонавор равад. Шармандаги аст ки пули бо азоб чамъ кардаи мардумро бо сабабхое ки ба онхо дахл надорад боз доштанд ва хатто узр хам напурсиданд. Банки хубро валангор намуданд. Агар заррае хисси Ватандусти медоштед ин кор намешуд. Амонати мардумро хиенат карда гайри максаднок сарф кардед. Зиерати хонаи Худо рафта ахд хам кардагистед ки хиенат намекунам не?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)