Нияти раиси вилоят барои ба ҳунарҳои мардумӣ ҷалб намудани 50%-и занҳои хонашин (САДО)
Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд мегӯяд, дар шимоли кишвар дар маҷмӯъ 230 ҳазор зани хонашин ба сар мебарад, ки танҳо бо рӯзғордорӣ машғуланд.
Ҷаноби Қодирӣ дар нишасти ахири хабариаш гуфт, тасмим доранд, ақаллан 50 дарсади онҳоро ба ҳунарҳои мардумӣ ҷалб намоянд: “Мо гуфтем, дар давоми соли 2017 аз ҳисоби буҷаи вилоят ба таври ройгон таъмин намудани занҳо бо дастгоҳҳои атласу адрасбофӣ идома меёбад. Вазифаи мо тарғибу ташвиқ, омода кардани занони ҳунарманд аст. Баро ҳамин ақаллан 50%-и онҳо бо ҳамин ҳунарҳои халқӣ сарукор дошта бошанду оянда маблағ ёфта, барои беҳтар кардани сатҳи зиндагии оила онро масраф намоянд”.
Раиси вилоят дар идома афзуд, қасд доранд, корхонаи “Хуҷандатлас”-ро то моҳи март пурра фаъол намуда, 100 нафарро бо кор таъмин созанд: “Ҳамон атласҳои номии овозадори Хуҷандро аз сари нав эҳё менамоем. Барои ин мо аллакай 2 тонна ашёи хомашро таъмин кардем”.
Ҷаноби Қодирӣ изҳор дошт, барои маблағгузорӣ 2 шаҳру ноҳияи Суғд – Исфараву Аштро бевосита ба “Хуҷандатлас” супоридаанд, ки “соҳаи кирмакпарвариро худаш маблағгузорӣ мекунад ва оянда абреши хомро истеҳсол намуда, барои занҳои мўҳтарами мо, атласи арзони хушсифати бозоргирро таъмин менамояд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |