Автобусу троллейбус: Ба ҷои ҳал мушкилро бештар карданд (АКС)

Маъракаи ивазкунии “старекс”-у “мерседес” бо автобусу троллейбус, ки аз кӯчаи Неъмат Қарабоев оғоз гардид, дар рӯзҳои аввал мушкилзо шудааст.
Субҳи имрӯз, 23-юми январ дар пайи кандашавии хатти ҳаракати троллейбус дар буриши кӯчаи Неъмат Қарабоев ва Саъдӣ Шерозӣ боиси танбашавии мошинҳо дар ин масир гардид.
Ин дар ҳолест, ки шаҳрдории Душанбе ният дорад, зина ба зина дар кӯчаҳои пойтахт ба ҷои “старекс”-у “мерседес”-ҳои мусофирбар ҳаракати автобусу троллейбусҳоро роҳандозӣ кунад. Ғаюрбек Искандаров, директори муассисаи “Душанбенақлиётхадамотрасон" 18 январ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфта буд, ки "корро аз кӯчаи Неъмат Қарабоев оғоз мекунем ва зина ба зина монанди хиёбони марказӣ дар кӯчаҳои дигари пойтахт роҳандозӣ мешавад”.
Раиси “Душанбенақлиётхадамотрасон” далели ивазкунии “старекс” ва “мерседес”-ҳоро ҳалли мушкили мусофирбарӣ ва ҷилавгирӣ аз танбашавии нақлиёт арзёбӣ кард. Ин дар ҳолест, ки феълан дар Душанбе даҳҳо ҷамъиятҳои мусофирбарӣ фаъолият дошта, ҳудуди 3 ҳазор “старекс”-у “мерседес”-ро дар бар мегиранд.
Аксҳо аз кӯчаи Неъмат Қарабоев:
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |