Ёразиз Ғуломалиев, прокурори шаҳри Кӯлоб ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, қурбоншуда, ки дар бозори ҳамин ҷамоат ба савдогарӣ машғул буд, бо сабаби надоштани манзили зист, дар як утоқи хурди як соҳибкори маҳаллӣ як сол боз зиндагӣ мекард.Шаби 30-юми ноябр, ӯ ба наздиконаш дар тамос шуда гуфтааст, ки «сафари дурру дароз» дорад.
Аснои санҷиши ҷойи ҳодиса аз сӯи кормандони мақомот рӯшан гашт, ки майит ба оринҷи ҳар ду дасташ симҳои барқиро печонида, онро ба манбаъи барқ пайваст намуда, хоб рафтааст. Бояд гуфт, ки дар ҳоли ҳозир интиқоли неруи барқ ба таври реҷа ба роҳ монда шудааст ва «ҷонбезор» низ медонист, ки танҳо субҳгоҳон, ҳангоми интиқоли барқ марги ӯ фаро мерасад. Ба гуфтаи прокурор, санҷиши ин ҳолат ҳанӯз ба поён нарасидааст, ҳарчанд аллакай маълум гаштааст, ки Шарипов худкушӣ кардааст.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |