Бахшҳо

Давлатов: Р.Эмомалӣ аз лидерони сиёсӣ дар ҷаҳон шинохта мешавад

Дар пасманзари таъини Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раисиҷумҳури Тоҷикистон ба мақоми шаҳрдори Душанбе “Озодагон” аз коршиносон суол кард, ки ин таъинотро чӣ гуна пазируфтед, чиро аз раиси нав интизоред ва барои беҳбуди кори ӯ чӣ маслиҳат медиҳед?

Ахмадхуҷа Давлатов, фаъоли иҷтимоӣ

Ман дар мавриди шарҳи ҳоли Рустам ва бархӯрди сиёсӣ ва ахлоқии ӯ бо зердастонаш хеле маълумотро шунидаам, дидаам ва дар матолиби гуногун хондаам. Воқеан Рустам яке аз ҷавонтарин сиёсатмадор ва коршиноси асри 21 мебошад. Ба андешаи ман ин шахсият на танҳо як сиёсатмадори ҷавон дар Тоҷикистон, балки яке аз лидерони сиёсии ҷавон дар ҷаҳон шинохта мешавад.

Чизи дигар дар мавриди мансабдорони ҷавон инро гуфтанӣ ҳастам, ки дар кишварҳои пешрафта зиёд дида мешавад, ки ҷавонон дар синни 24, 27-солагӣ соҳиби мансабҳои баланди ҳукумат мешаванд, масалан дар Шведсия Аида Ҳазиалике ҷавонтарин вазири маорифи ин кишвар буд, ки 27 сол дошт.
Омадани Рустами Эмомалиро ба мақоми раиси шаҳри Душанбе, ман ҳаққи ҳалоли ҳам қонунӣ ва ҳам виҷдонии худи Рустам медонам. Бовар дорам , ки муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз таълимоти мактаби сиёсии собиқ раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев бо равиши замонавӣ истифода мебарад. Дар кутоҳтарин муддат мо шоҳиди сифати болои кори Рустам хоҳем шуд. Дар охир ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки шояд нафароне фикр кунанд, ки ман ба хотири писари Президент будани Рустам ин баҳоро додаам. Аммо Худо шоҳид аст, ки ҳарчи ҳаст, воқеан аз рӯйи худи сифати роҳбарии Рустам аст.

Алим Шерзамонов, роҳбари ҲСДТ дар ВМКБ

Ин кор, як амалкарди ғайримунтазир набуд. Манзурам, на боло бурдани тадриҷии Рустами Эмомалӣ то мақоми ноиби президент, балки барканории Убайдуллоев аз симат мебошад. Зеро ба назари ман ҳар неруи сиёсии пурнуфузе аз ин ба баъд ҳаққи мавҷудият надорад. Баъд аз қазияи ҲНИТ ва Бузургмеҳр Ёрову дигарон, акнун ин пиндор мантиқитар менамояд. Аз нигоҳи банда ин охирин тағйироти пурҳангома нахоҳад буд ва дар чанд моҳи наздик шоҳиди дигар истеъфоҳо низ мешавем.

Фирӯз Баротов, мушовир дар умури расонаҳо

Вақте баъд аз чанд сол тағйироте ба вуҷуд меояд ва он тағйирот дар муқоиса бад нест, онро хуш мепазирам. Ҳарчанд дидгоҳи ман ба раис будани Маҳмадсаид Убайдуллоев низ манфӣ набуд. Ман намехоҳам, ки ба ин вазифа бояд таъин шудан ё нашуданашро мавриди таҳлил қарор диҳам, балки барои ман муҳим аст, ки нафари таъиншуда барои беҳбудии марудм чӣ кореро анҷом медиҳад?

Аммо аз ин тағйирот чун аксари сокинони пойтахт, нафаре, ки инҷо таваллуд шудаву ба воя расидаам, умеду бовариҳои зиёд дорам. Умедвории ман ин аст, ки Рустами Эмомалӣ барои ҳифзи биноҳои таърихӣ дар пойтахт ва бунёди Дуашнбеи нав дар ҳудуди навоҳии атроф ташаббус хоҳад кард.
Баъдан низоми густардаи фасодро дар мактабу боғча решакан намуда, барои ҳамаи кӯдакони қишрҳои гуногун имконоти гирифтани таҳсили босифатро фароҳам меорад. Умедворам, ки нақлиёти мусофиркаш билахира ба танзим медарояд ва нархи онҳо ва ҷойҳои нишасти онҳо муайян мегардад. Зеро онҳое, ки аз нақлиёти мусофирбар истифода мекунанд, азоби худро нағз медонанд.

Ҳамчунин мехоҳам, ки хатҳои нерӯйи ҳавоии барқ дар кӯчаҳои Душанбе бехатар гардонида шаванд ва имконияти дуздида шудану ба саломатӣ хавфнок буданро ҳам аз байн барад. Умедворам, ки биноҳои ЖУ- мувофиқ ба ӯҳдадориҳои худ, ки маблағи сокинонро мегиранд ба мардум хизмат мерасонанд. Биноҳои замони шуравӣ интизори фурӯ рехтан нашуда, балки тармиму таҷдид мешаванд ва ба ҳусни шаҳр зебоӣ зам мекунанд.

Интизорӣ дорам, ки дар шаҳр ҳамаи онҳое, ки бо мардум дар робита ҳастанд милиса, кормандони дигари ҳифзи ҳуқуқ, духтур, кормандони андоз, омӯзгорон аз маданияти баланди муошират бархӯрдор мешаванд. Бисёр муҳим мешуморам, ки сомонаи бемиёнаравҳо кори худро ҷоннок намояд ва Рустами Эмомалӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мардуми пойтхт дар тамоси доимӣ бошад ва роҳҳои вайронаву валангорро, ки бесифат таъмир мекунанд.

Меҳр Собириён, корманди Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳо

Бо вуҷуди баъзе пешравиҳо дар замони раҳбарии Маҳмадсаид Убайдуллоев дар шаҳри Душанбе то ҳануз камбудиҳо зиёданд. Тағйироти кадрӣ дар шаҳр лозим буд ва новобаста аз он, ки кӣ меояд, бояд раҳбарият нав мешуд. Чунки раҳбарияти гузашта потенсиали худро амалӣ карда буд ва бояд қувваҳои нав масъулиятро ба дасти худ мегирифтанд. Омадани Рустами Эмомалӣ, албатта ҷанбаҳои мусбати худро дорад. Омадани қувваи нав ва нисбатан ҷавон имкониятҳои бештар барои бартараф кардани мушкилоти мавҷуда дар пойтахтро дорад. Умедворем дар ояндаи наздик шоҳиди беҳбудиҳои назаррас дар шаҳри Душанбе хоҳем шуд.

Соҳибёр Толиб, муҳаррири идораи таҳлилии Радиои Тоҷикистон

Мебинам, ҷомеаи мо ҳанӯз ба роҳбаре ниёз дорад, ки гапаш ба ҳама гузарад. Ин дар мо хусусияти миллӣ буду монд, бахусус дар Душанбе, ки ин ҷо аз ҳама бештар нуфуз корро буд мекунад. Рустам сиёсатмадори ҷавон ва аз хонаводаи шахсияти бонуфуз аст. Душанбе ба раёсати ҷавоне ниёз дошт, ки ритми зиндагиро дар фазои пойтахт дигар ва бахусус кайфияти қишри ҷавонро болида гардонад. Рустам то имрӯз дар майдонҳои варзиш симпатияи худро ба бахше аз ниёзҳои ҷавонон ифода намуд ва таъсир ҳам гузошт, дар мақомҳои дигараш бештар бо хизматчиёни давлатӣ ва ҳуқуқшиносон кор кард, вале акнун имтиҳони давлатии ӯ сар шуд. Зеро раиси шаҳр рӯ ба рӯ бо мардум кор мекунад. Душвортарин кори ӯ дар ин мақом тағйир додани характери шаҳр аст. Дар хизматрасониҳои пойтахти Тоҷикистон муносибати маданӣ дар сатҳи паст қарор дорад. Як бор ба мизи шиносномадиҳӣ раведу “бардак”-ро бубинед, ҳама кӯшиш мекунанд, шиносе ёфта, навбатро дузданд. Навбат истодан дар ҷомеаи мутамаддин як қоидаи оддӣ аст, ки аққалан ҳамин фарҳангро надорем. Ин хеле дардовар. Дар эҳтироми ҳамдигар моро як одами зӯр бояд маҷбур кунад. Феълан мо ба ҳамин хел муносибат сазоворем. Қоидаҳои ҷамъиятӣ дар Душанбе кам ва аксар маврид маҷбуран риоя мешавад, на аз ҷиҳати фарҳанги шаҳрнишинӣ. Хусусияти ҷомеаи кишвар бештар аз пойтахт таъсир мепазирад ва марказ бояд омӯзанда бошад. Рустам то имрӯз дар публика камнамо ва аз худ эҳтиёткорӣ нишон додааст. Ин аз як тараф фарҳанги сиёсӣ аст, умедворем, ки ӯ аввал ба фарҳанги шаҳрнишинии сокинони Душанбе таъсир гузорад. Муваффақият мехоҳам.
Мӯҳр
То имруз ман фикр мекардам ки ба чои рохбари пуртачриба, пешрафта ва мардумии пойтахт ки мешуда бошад?. Оё шахсе ёфт мешавад ки бехтар аз у кор кунад?. Чун ки Убайдулоев хамчун шахси № 2 дар кишвар на танхо салохиятхои шахрдори балки салохиятхои дигаре ки дошт барои ободии пойтахт истифода мекард. То имруз фикр мекардам ки касе ки Убайдулевро иваз кунад кори у нисбатан камчило мешавад...
Аммо баъди ба ин вазифа омадани Рустам бовари хосил кардам шахси аз Убайдуллоев дида пурнуфузтар ва кудратмантаре вучуд дорад ки ин масъулиятро ба душ бигирад. Ба Рустам мувафакият мехохам!

Аз раиси нави шаҳр боз орзу дорем ки масалаи ҳамин шофёронро ба тартиб биёрад ки дар кӯчаҳо гашта намешавад Гаи истодагӣ мошинҳо пиёдагардонро роҳ намедиҳанд даже намедорад мошинро агар дорад ҳам мебини ки бади сонияе ҷавоб медиҳад...сатҳи фарҳанги ронандагон паст мебошад илтимос аз раиси Навв ин ки тамоми Гаи ҳои шаҳро иваз кунад ва беҳуда мошинҳоро ман накунанд ...

Вой хок дар сарм рехт

Хамин Ахмадхуча низ имруз коршинос шудааст? Аз заб касе суол пурсидед.

Сугдийон
Ба фикри Алим Шерзамонов сад дар сад розиям хакикатро гуфт. Офарин.

Яке аз мусибатҳои халқи Тоҷикистон ин лагандбардорӣ ва косалесии баъзе аз гурӯҳи шаҳрвандон аст. Фикр мекунам, ки барои пешрафти ҷомеа ва давлат, пеш аз ҳама, бояд аз ин хислати косалесӣ даст кашем, балки бо як назар ва тафаккури нав ба мушкилиҳои мавҷуда назар биандозем. Ман маъзарат мехоҳам, агар ба номуси касе таъсир расонда бошам. Лекин, ба фикри ман, мо бояд бештар барои ҳалли мушкилиҳое, ки аз муйи сар зиёд ҳастанд, бипардозем. Кишварамон ба марҳилаи нави тараққиёт оғоз намудааст ва ҳар яки мо бояд бахри пешрафт ва рушду нумӯи кишвари азизамон сахми худро гузорем.

Ин ба фикрам ягон вазифа мехохад

Салом озодагон.
Як хоиш дар бораи чоррохаи бе светофори ш.Хисор як матоллиб чоп кунед шояд бади ин масла хали худро меёбад

Кӯчаю хиёбонҳои пойтахт каме ба назм омадаанд. Рустам акнун бояд ба муассисаҳои таълимӣ, яъне макотибу литсею гимназияҳоро таҳти назорати шадид қарор диҳад. Алҳол макотиби пойтахтро ба қисмҳои ҳарбӣ табдил додаанд. Бо ягон кору савол волидон ҳаққи дохил шудан ба мактаб надоранд. Ба назар мерасад, ки дар шахси ҳар як падар ё модари донишомӯз директорон террорист, авбош ё ҷосусро мебинанд. Бо вуҷуди ин беҳурматӣ онҳо дар ҷашну рӯзҳои таваллудашон аз густохона пул ситондан ҳазар намекунанд. Як фикр кунед, модари талаба аз куҷо медонад, кай муаллима таваллуд шудааст, агар худи ӯ нагуфта бошад? Ҳанӯз соли нави хониш дуртар нарафта, дар синфҳо пулситонӣ сар мешавад: барои журнали синф, барои бӯр, барои латта, барои пардаву гулҳо ва ҳатто барои линолеум, таъмири анҷомнаёфта. Канӣ аз пул додан саркашӣ бикун, фавран нисбат ба кӯдакат муаллима "санксия" эълон мекунад. Пусханд мекунад, бо ҳар баҳона мезанад ё таҳдид ё сарзаниш мееунад, ду мемонад. Бархе муаллимон кӯдакро сахт мезананд ва таҳдид мекунанд, ки "агар дар хона гап занӣ мекушамат". Магар ин террор нест? Дар замонҳои Шӯравӣ мо дар ҷашнҳо ба устодон китоб ё гул тақдим мекардем. Ҳоло бошад, 300-400 сомонӣ ҷамъ карда, ба дасташон медиҳанд. Рустам бояд ин "ботлоқро" хушк кунад.

Ба Аҳмадхӯҷа Давлатов ва чанде дигарон.
Банда фаолият ва номҳои чанд сенатори амрикоиро медонам, албатта ки аз матбуот. Масалан, Маккейн ва Пелони аз ҳизби демократӣ; Пол Райан аз ҳизби ҷумҳурихоҳ ва чанд нафари дигар. Вале номи ягон вакили МО Тоҷикистонро намедонам ва дар бораи фаолияти онҳо чизе нашунидаам. Мутаассифона. Чӣ бирасад ба Рустами ҷавон. Бо тамаллуқи беасос ӯро вайрон накунед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)