Омори бозори танфурӯшӣ: Сабти 9 фоҳишаи ноболиғ, 1565 то 30-сола ва 417 солхӯрда
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон соли 2016 дар кишвар 1991 зани танфурӯшро сабт кардааст, ки миёнашон 9 нафар ноболиғ мебошанд.
Ин оморро Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 20-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе ироа кард.
Ба гуфтаи вазир миёни занони бадахлоқ 1565 нафарашон аз 18 то 30-сола ва 417 нафари дигарро аз 30-сола боло ташкил медиҳанд.
Раҳимзода илова намуд, ки тайи соли 2016 дар кишвар 288 фоҳишахона ба қайд гирифта шуданд, ки аз ин 100 адад ба вилояти Суғд, 98 ба Душанбе, 52 ба Хатлон ва 38 адад ба навоҳии тобеи марказ ба қайд гирифта шуданд.
Дар мавриди ҷалби занони тоҷик ба истисмори шаҳвонӣ дар хориҷ вазири умури дохилӣ иттилоъ дод, ки соли гузашта 4 нафар зан, ки аз ҷониби шахсони алоҳида бо роҳи фиреб дар хориҷи кишвар маҷбуран ба фоҳишагарӣ ҷалб гардиданд, ба Ватан баргардонда шуданд.
ВКД мегӯяд, тайи соли сипаришуда дар ҷумҳурӣ 716 ҷинояти ахлоқӣ ба қайд гирифта шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |