ВКД: Писари ноиби сарвазир афв нашудааст

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон овозаҳо дар мавриди афв шудани Фаромуз Саидови 23-сола, писари Давлаталӣ Саидов, муовини аввали сарвазири Тоҷикистонро рад кард.
Раҳимзода имрӯз, 20-уми январ зимни нишасти хабарӣ гуфт, Фаромӯз Саидов афв нашудааст: “Дар доираи парванда алайҳи ӯ чанд ташхис гузаронда шуд. Баъзе хулосаҳои зидду нақиз буд, ман супориш додам, тафтишотро ҳар чӣ зудтар анҷом диҳанд”.
Ӯ ҷузъиёти хулосаҳоро ироа накард ва афзуд, ки айни ҳол парванда барои омӯзиш ба додситонии генералии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Ин дар ҳолест, ки моҳи гузашта тафтиши парвандаи ҷиноӣ дар робита ба садамаи маргбор бо иштироки Фаромуз Саидов барои ду моҳи дигар тамдид шуда буд.
Қаблан, аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфтанд, Фаромуз Саидов ҳаққи берун шудан аз ҳудуди кишварро надорад.
Сонеҳаи маргбор бо иштироки Фаромуз Саидов шаби 10 сентябри соли равон дар хиёбони Исмоили Сомонӣ рух дода, ду кушта барҷой гузошт. Бино ба иттилои ВКД, “дар натиҷаи ин ҳодиса Ҳилола Раҳимова, сокини 25-солаи Душанбе ва Рустам Сатторов, сокини ноҳияи Варзоб ҷон дода, худи Фаромуз Саидов бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ мебошад”.
Дар робита ба ин ҳодиса бар пояи моддаи 212-и Кодекси ҷиноӣ (вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) парванда боз шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |