Барои маҳсулоти рӯшани нафтии дигар боҷи содиротӣ 268,3 доллар муайян шудаст, ки нисбат ба моҳи гузашта 8 доллар қимматтар аст. Ин дар ҳолест, ки сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ҳамарӯза гарон шуда истодааст. Тайи ду моҳи гузашта сарфи назар аз арзоншавии боҷи содиротӣ нархи бензин боло мерафт. Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба хабаргузории «Озодагон» хабар доданд, айни ҳол нархи миёнаи як литр бензин дар пойтахти кишвар 7,35 сомониро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо нишондоди як моҳ пеш 60 дирам қимматтар аст.
Ба гуфтаи манбаъ, дар ҳоли ҳозир як литр бензини навъи АИ – 92 бо нархи 7,2 сомонӣ ва навъи АИ -95 ба ивази 7,5 сомонӣ фурӯхта мешавад. Коршиносони масоили иқтисодӣ ҳадс мезананд, ки афзоиши ночизи боҷи содиротии маҳсулоти нафтии Русия барои воридкунандагони сӯзишворӣ ба Тоҷикистон баҳонаи нав ҷиҳати боз ҳам баландтар кардани нархи маҳсулоташон хоҳад шуд.
Мӯҳр
« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |