Вазир: Бисёри паноҳҷӯёни тоҷик ҷинояте накардаанд
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бисёри шаҳрвандони кишвар, ки дар хориҷ паноҳандагӣ талаб кардааанд, таҳти пайгарди мақомоти тоҷик қарор надоранд.
Раҳимзода имрӯз, 20-уми январ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, бисёре ба умеди зистан дар кишварҳои хориҷӣ паноҳандагӣ талаб кардаанд: “Дар Тоҷикистон ҷинояте накардаанд. Онҳое, ки ҷиноят накардаанду дар хориҷ паноҳгоҳ ҷустаанд, метавонанд боз ба Ватан баргашта зиндагӣ кунанд. Мо бо онҳо ҳеч мушкиле надорем”.
Вазири умури дохилӣ гуфт, таҷрибаи ҷустани паноҳандагӣ ба умеди зиндагии беҳтар дар кишварҳои дигар низ ҳаст.
Ин дар ҳолест, ки солҳои охир паноҳҷӯии тоҷикистониён дар Аврупо афзоиш ёфта, теъдодашон ҳазорҳо нафар арзёбӣ мешавад.
Мирзои Салимпур, рӯзноманигори маъруфи тоҷики муқими Аврупо, ки тирамоҳи гузашта аз ҳоли ҳамватанони паноҳҷӯ дар ин қора хабар гирифт, дар суҳбати катбӣ бо “Озодагон” аз дидаю шунидааш нақл кард. Ӯ гуфт ба сурати умум, далели аз Аврупо, аз ҷумла аз Олмон паноҳ хостани ин мардум гуногун аст. Бархе далелҳои сиёсӣ, аз ҷумла узвияташон дар ҳизби наҳзати исломӣ ва ё “Гурӯҳи 24”-ро далел меоранд, қисми дигар - танг шудани вазъи иқтисодии онҳо дар Ватан ва дигар ба далели буҳронаш барои муҳоҷирони тоҷик зиёд ба кор наомадани Русияро. Дар байни гурезаҳои “иқтисодӣ” онҳое ҳам зиёданд, мегӯянд, ширкату корхонаҳои онҳоро дар Тоҷикистон ғасб кардаву худи онҳоро ба кӯча андохтаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |