Ҳалокати ду нафар дар шимоли Тоҷикистон зери чархи “Зил”
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати ду нафар зери чархи мошини боркаш хабар медиҳад.
Бино ба иттилои сомонаи расмии вазорат, ин ҳодиса асри панҷшанбе, 19 январ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба вуқӯъ пайвастааст: “Ронандаи автомашинаи тамғаи “Зил-130”, марди 29-солаи сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳия бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ду нафар пиёдагард: ҷавони 20-сола ва писарбачаи 16-солаи сокинони ҷамоати деҳоти зикргардидаро, ки аз роҳ мегузаштанд, пахш намудааст”.
Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа пиёдагардон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказӣ ба ҳалокат расидаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |