Посухи раиси Кумитаи андоз ба даъвои сафири Русия ва соҳиби Тсел
Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон ҷаримабандии “Тсел”-ро қонунӣ хонд.
Давлатзода имрӯз, 20 январ дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, андозу ҷарибандии "Тсел" дар ҳаҷми 155 миллион сомонӣ феълан дар баррасии мақомоти додгоҳӣ аст: “Мақомоти додгоҳӣ феълан ин масъаларо баррасӣ дорад, аммо санҷиши мо дар доираи қонун ва ваколатҳоямон буд”.
Ӯ афзуд, дар баробари "Тсел", соли гузашта дар ширкатҳои дигари мобилӣ, аз ҷумла Таком (Билайн) ва МЛТ (Мегафон) низ нақзи меъёри андозсупорӣ ошкор шуд. Ба гуфтаи раиси Кумитаи андоз, “Билайн” ба пардохти 151,3 миллион сомонӣ муваззаф шуд ва додгоҳ ин баҳсро ба фоидаи давлат ҳал намуд: “Айни ҳол 80 фоизи ин маблағ пардохт шуд”.
Инчунин бо қарори додгоҳ Мегафон низ 155 миллион сомонӣ қарзи андозу ҷаримаҳоро пардохт намудааст. Ба гуфтаи раиси Кумитаи андоз дар маҷмӯъ соли 2016 ошкоркунии андозгурезиҳои дар ширкатҳои мобилӣ нисбати ду соли пешӣ афзоиш ёфтааст.
Давлатзода иддаои Игор Лякин Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистонро дар мавриди муносибати нодурусти мақомоти андоз бо ширкатҳои русӣ изҳор дошт, “мо бо ҳама як хел муносибат мекунем. Аз доираи ваколатҳои худ берун набаромадаем. Андозбандиҳо нисбати соҳибкорону ширкатҳои русӣ дуруст андозбандӣ шудааст”.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Фролов ва ахиран “Telia Sonera”, соҳиби Тсел аз муносибати нодурусти мақомоти андоз шикоят карданд.
Ширкати “Telia Sonera”, ки аксари саҳмияҳои "Тсел"-ро дар ихтиёр дорад, бо нашри як изҳорот талаботи масъулини андози Тоҷикистонро барои пардохти 155 миллион сомонӣ ғайриқонунӣ ва номақбул хондааст. Ба иттилои манбаъ дар пайи санҷиши фаъолияти "Тсел" аз моҳи майи соли 2015 то июни соли 2016 мақомоти андоз ширкатро барои пардохти 155 миллион сомонӣ қарзу ҷаримаҳо муваззаф намудаанд.
Молики "Тсел" бо изҳори нигаронӣ аз ин талаби мақомоти тоҷик таъкид намудааст, даромади ширкат тайи соли 2015 аз маблағи талабкардаи мақомоти тоҷик камтар мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |