Ин нуктаро дар сӯҳбат бо хабарнигори «Озодагон», Аббос Баёнӣ, масъули бахши иқтисоди сафорати Эрон дар Тоҷикистон изҳор дошт. Ба гуфтаи Баёнӣ дар Ӯзбакистон бо сабабҳои номаълум маҳз борҳои ширкатҳое, ки бояд дар намоишгоҳ иштирок мекарданду он борҳояшонро нишон медоданд, бозмондаанд ва иҷозат наёфта истодаанд, ки ҳаракатро идома бидиҳанд. Ӯ мегӯяд: «Мо бо сафоратамон дар Тошканд дар тамос шудем, то ба қазия рӯшанӣ андозем. Мақомоти ӯзбак мегӯянд, ин борҳо мушкил доранд, аммо мушаххассан чӣ мушкил доранд, намегӯянд».
Аббос Баёнӣ мақсад аз ташкили намоишгоҳҳоро наздиксозии соҳибкорони тоҷику эронӣ ва густариши тиҷорат миёни ин ду кишвар номид. Ба гуфтаи ӯ, сарфи аз монеасозиҳои Ӯзбакистон дар натиҷаи намоишгоҳи чоруми ихтисосии Эрон дар Душанбе, ки рӯзе пеш ба анҷом расид, ду созишномаи ҳамкорӣ баста шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки имкон дошт, дар сурати ба тариқи пешбинишуда баргузор гардидани намоишгоҳ, шумораи созишномаҳои ҳамкории соҳибкорони тоҷику эронӣ бештар бошад.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |