АКС: Пардабардорӣ аз лавҳаи ёдгории Суҳроб Шарифов
Дар шаҳри Душанбе расми гузоштани лавҳаи ёдгории Суҳроб Шарифов, раҳбари пешини Маркази тадқиқоти стратегии назди Президент баргузор шуд.
Дар ин маросим намояндаҳои Маркази тадқиқоти стратегӣ, адибон, журналистон ва пайвандони Шарифов иштирок доштанд. Зимни пардабардорӣ аз лавҳаи ёдгорӣ Сайфулло Сафаров, муовини раиси МТС гуфт, кӯчаи Шаумяни ноҳияи Шоҳмансур, воқеъ дар назди маҳаллаи Гардиши фурудгоҳ расман номи Суҳроб Шариповро гирифт.
14 апрели соли 2016 Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе барои ба номи Шарифов гузоштани номи кӯчаи Шаумян ризоият дода буд.
Шоир Назрӣ Яздон Суҳроб Шарифовро “як сиёсатшиноси дараҷаи ҷаҳонӣ” хонда, гуфт, ӯ ҷасур буд.
Суҳроб Шарипов 19 январи соли 2015, бар асари бемории камхунӣ дар синни 52 дунёро падруд гуфт ва агар марҳум дар қайди ҳайёт мебуданд, 18 апрели соли равон ба синни 53 мерасиданд. Муаллифи ду китоби сиёсатшиносӣ буда, даҳҳо мақолаи илмӣ ба қалами ӯ марбут мебошанд. Дар мансабҳои гуногун, аз ҷумла мудири шӯъбаи сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, муовини мудири шӯъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Дастгоҳи президент, ёрдамчии раисиҷумҳур ва раиси Маркази тадқиқоти стратегии кишвар кор кардааст. Номзади илмҳои фалсафа ва доктори илмҳои сиёсӣ буд ва дар интихоботи парлумонии 1 марти соли 2015 аз ҷониби Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ҳизби ҳоким аз ҳавзаи рақами 3-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба вакилӣ пешбарӣ шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |