Баҳси раис бо сармуҳаррир барои басташавии 2 нашрияи “Тоҷикматлубот”
Ҳусейн Идиев, раиси ҷамъияти “Тоҷикматлубот” қарор кардааст, ки нашрияҳои ин ниҳод-“Набзи Тоҷикматлубот” ва “Файзи истиқлол” баста шаванд.
Ӯ имрӯз, 19-уми январ зимни нишасти хабарӣ далели басташавии нашрияҳоро набудани талабот ба онҳо арзёбӣ кард: “Таҷриба нишон дод, ки маводи ин нашрияҳо ба талаботи кормандони “Тоҷикматлубот” ҷавобгӯ нест. Тасмим гирифтем, таблиғи сиёсатро дар ин соҳа ба таври муосир тариқи сомонаи интернетӣ ба роҳ монем”.
Далели раис, ки маводи нашрияҳои басташуда ба талабот ҷавобгӯ набуд, норозигии Ҳабибулло Ёров, сармуҳаррири ин ду расонаро ба вуҷуд овард. Ӯ дар хитоб ба раис изҳор дошт, ки мушкил на дар мавод, балки дар он аст, ки моликияти соҳа аз даст рафт: “Сабаби қатъ шудан дар ин нест, ки талабот надорад. Моликияти ин соҳаро аз даст додед, бозорҳо фурӯхта шуданд, коргар кам шуд ва ба ҳамин восита талабот кам шуд. Ин маънои онро надорад, ки мавод ба талабот ҷавобгӯй набуд”.
Дар посух Идиев гуфт, изҳор дошт, ки “ман дар доираи ваколати худам барои басташавии инҳо қарор баровардам. Агар тавонед, ки ин нашрияҳо бозоргир шаванд, ман зид нестам”.
Дар ин нишаст кормандони нашрияҳои басташуда аз раис маошашонро талаб карданд, ки ба гуфтаи онҳо давоми 5 моҳи охир пардохт нашудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |