Тоҷикистон 204 хориҷиро депорт кардааст
Масулини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯянд, соли гузашта 204 шаҳрванди хориҷӣ аз Тоҷикистон ихроҷ шуда, аксари онҳо ҷаримабандӣ шудаанд.
Сумангул Тағоева, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон 19 январ дар нишасти хабарӣ гуфт, ин афрод аслан барои дағалона вайрон кардани қавоиди будубош бо қарори суд аз қаламрави кишвар депорт шудаанд: “Бештари ихроҷшудаҳо шаҳрвандони Афғонистону Чин мебошанд”.
Ба гуфтаи вазир, дар маҷмӯъ барои нақзи қавоиди буду бош бо қарори додгоҳ аз шаҳрвандони хориҷӣ 65 ҳазору 160 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.
Дар ҳамин ҳол, хонум Тағоева афзуд, ба 11 ҳазору 330 шаҳрванди хоричиҷӣ иҷозаи амалӣ намудани фаъолияти корӣ дар Тоҷикистон дода шудааст, ки ин рақам нисбати соли 2015 ҳазор нафар бештар аст.
Ба гуфтаи вай, бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон соли 2016 дар Тоҷикистон барои 8 ҳазор мутахассиси хориҷӣ “квота” ҷудо шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |