Норозигии соҳиби “Тселл” аз андоз: Пули аз даромадамон бештар талаб доранд

Мақомоти андози Тоҷикистон дар пайи як санҷиш ширкати “Тсел”-ро ба пардохти 155 миллион сомонӣ қарзу ҷарима муваззаф кардаанд, ки боиси норозигии молики асосии ширкат шудааст.
Ширкати “Telia Sonera”, ки аксари саҳмияҳои Тселро дар ихтиёр дорад, бо нашри як изҳорот талаботи масъулини андози Тоҷикистонро ғайриқонунӣ ва номақбул хондааст.
Ба иттилои манбаъ дар пайи санҷиши фаъолияти Тсел аз моҳи майи соли 2015 то июни соли 2016 мақомоти андоз ширкатро барои пардохти 155 миллион сомонӣ қарзу ҷаримаҳо муваззаф намудаанд.
Молики Тсел бо изҳори нигаронӣ аз ин талаби мақомоти тоҷик таъкид намудааст, даромади ширкат тайи соли 2015 аз маблағи талабкардаи мақомоти тоҷик камтар мебошад.
Ин дар ҳолест, ки тирамоҳи соли гузашта ширкати шведии Telia барои фурӯши 60 дарсади саҳмияҳои худ дар ширкати Tcell ба Бунёди Оқохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) ризоият дода буд.
Аз ширкати Tcell ба “Озодагон” гуфта буданд, AKFED феълан 40 дарсади саҳмияи “Central Asian Telecommunications Development B.V.”, ки соҳиби ширкати ҶСП “Индиго Тоҷикистон” (бренди Tcell) мебошад, дар ихтиёр дорад.
Нархи фурӯш дар асоси арзиши ширкати “Индиго Тоҷикистон”, ки 66 миллион доллари ИМА ро ташкил медиҳад, аз он 60% саҳмия, яъне 39 миллион доллари ИМА ба ширкати Telia таалуқ дорад, ҳисоб шуда буд. Харидуфурӯш, ки бояд аз ҷониби мақомотҳои танзимкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешуд, тибқи нақша аввали соли равон бояд ба анҷом расонида мешуд, аммо то ҳол иттилое дар ин бора ироа нашудааст.
17 сентябри соли 2015 ширкати Telia, ки саҳҳоми аслии Tcell мебошад, эълон карда буд, тадриҷан фаъолияти худро дар АвруОсиё қатъ намуда, бештар ба Аврупо рӯ меорад. Ин ширкат ба ҷуз аз Тоҷикистон дар Қазоқистону Узбакистон, Озарбойҷону Молдова ва Гурҷистон фаъолият дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |