Таъсиси комиссия барои ба ҳолати беҳтар овардани бинои “Шарқи Озод”

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, барои ба ҳолати беҳтар овардани бинои Маҷмааи табъу нашри “Шарқи озод” бо супориши муовини сарвазир комиссияи вижа таъсис ёфтааст.
Масъулини кумита имрӯз, 19 январ дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфтанд, баъди анҷоми кори комиссия нақшаи беҳтаргардонии бино таҳия шуда, мутобиқи он амал хоҳанд кард.
Нимашаби 18 ба 19 декабри соли 2016 қисмате аз айвони ошёнаи 13 ва 12-и бинои “Шарқи озод” фурӯ рехта, боми дафтари хабаргузории “Авесто”-ро хароб кард. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо нашри як иттилоия гуфт, “баъди ошноӣ ва омӯхтани маълумотҳои гирдомада гуруҳ ба натиҷа расид, ки сабабҳои сарозер шудани девори бетонӣ инҳо будааст:
- тӯли замони истифодаи бино сохтусозҳои металии он зери таъсири метереорлогӣ хӯрда шудаанд;
- ба сабаби шамол ва боришот плитаи девор дар ҳолати садамавӣ қарор гирифтааст.
Дар натиҷаи афтиши плитаи бетонӣ сохтори айвонҳои ошёнаҳо, ки қаблан ҳам оҷилан бояд таъмир мешуд, зарар дид”.
Масъулини кумита дар нишасти имрӯз гуфтанд, санҷишҳо нишон додааст, ки бинои мазкурро дар замони Шӯравӣ комиссия қабул накарда будааст. Маҷмааи табъу нашри “Шарқи озод” соли 1986 ба истифода дода шуда, бештари матбуоти даврии Тоҷикистон ва ду радиои ғайридавлатӣ онҷо дафтари корӣ доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |