“Команда”-и Р. Эмомалӣ: Кай, ба кӣ, бо кадом рақам занг бояд зад? (Рӯйхат)
Рустами Эмомалӣ, раиси навтаъини Душанбе қарор кардааст, ки мансабдорон дар мавсими зимистон барои ҳалли саривақтии мушкили сокинон шабонарӯзӣ навбатдор истанд.
Тибқи қарори Рустами Эмомалӣ аз 17-уми январ, ки нусхаи он дар ихтиёри “Озодагон” қарор дорад, навбатдории мансабдорҳо моҳҳои январ ва феврал давом дошта, аз мудирони шуъбаҳои ноҳияҳо то ноиби аввали раиси пойтахтро дар бар мегирад.
Раиси Душанбе бо тасдиқи ҷадвали навбатдорӣ ҳадафи онро таъмини фаъолияти муназзами соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагидорӣ дар шаҳр, зоҳир намудани вокуниши фаврӣ аз ҷониби роҳбарияти мақомот, мусоидат намудан ба ҳаллу фасли саривақтии муроҷиатҳо ва мушкилоти ҳамарӯзаи шаҳрвандон арзёбӣ кардааст.
Рустами Эмомалӣ масъулияти назорати иҷрои ин қарорро ба уҳдаи Саидзода Тоҷиддин, раиси дастгоҳи шаҳри Душанбе вогузор намудааст.
“Озодагон” феҳрасти мансабдорон ва рақамҳои телефони онҳоро дар ихтиёри сокинони пойтахт мегузорад, то барои ҳалли мушкилашон бо онҳо дар тамос шаванд.
Эзоҳ: - рӯзҳои беситора аз соати 19.00 то 08.00;
- рӯзҳои якситорадор (*) аз соати 08.00 то 17.00 ;
- рӯзҳои дуситорадор (**) аз соати 17.00 то 08.00.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |