Номаи Раҷаби Мирзо ба Трамп: Умед дорем кишвари худро мисли “орзуҳои амрикоӣ” пешрафта мебинем

Раҷаби МИРЗО, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ
Ҷаноби Трамп!
Ман аслан ҳич гоҳ дар Амрико набудам. Аммо ин маънои онро надорад, ки тасаввуротам дар бораи кишвари Шумо, мисли тасаввуроти Шумо дар бораи минтақаи мост. Ёдатон ҳаст, ки замони маъракаи интихоботатон, як кишвари бузурги минтақаи мо - Ӯзбекистонро аз Ҳаракати исломии Ӯзбекистон фарқ накардед ва як давлати террористӣ номидед, ки ин ҳолат боиси ҳам сару садои зиёд ва ҳам сархамии худатон гашт?
Таассуроти ман низ аз кишвари абарқудрати Шумо якхела нест. Кӯдакиам замоне сипарӣ гаштааст, ки “ҷанги сард” идома дошт ва СССР барои шаҳрвандони худ, аз ҷумла мо кӯдакон, Амрикоро як кишвари ҷангзада ва қашшоқе муаррифӣ мекард, ки ҳар рӯз дар он садҳо нафар кушта мешаванд ё аз гуруснагӣ мемиранд. Диламон месӯхт. Он замон иттилооъро одамони шӯравӣ аз як манбаъ мегирифтанд ва ахбору маълумот низ ба гунае паҳн карда мешуд, ки бовар накарданаш имкон надошт.
Ин баъдтар буд, ки мо фарқи байни таблиғоту ахборро эҳсос намудем. Он замон Иттиҳоди Шӯравӣ рӯзҳои ахири ҳастии худро пушти сар мекард ва “ҷанги сард” ҳам ба поён мерасид. Дар ин моваро эҳсоси худшиносиву истиқлолхоҳӣ барои кишварҳои пасошӯравӣ ҷӯш зад ва бо гирифтани ахбори алтернативӣ бархӯрди одамон ба ҳаводиси ҷаҳон, аз ҷумла шинохти Амрико тағйир хӯрд. Акнун ин кишварро мо ба гунаи “Қишлоқи тиллоӣ”-е мешинохтем, ки шоири номдори тоҷик Мирсаид Миршакар як замон дар зеҳнамон барои шинохти СССР ҷо кардан мехост.
Ба таври дигар, Амрико барои мо ба як идеале табдил ёфт, ки дар он ҳама одамон ҳуқуқи баробар доранд, озодона на танҳо фикр мекунанд, балки ин фикрро озодона баён намуда, талоши адолат менамоянду намемонанд касе ҳаққашонро нодида гирад.
Бештар аз ин, Амрико барои мо “Хонаи озодӣ”-е шинохта мешуд, ки на танҳо ин гуна озодиву ҳуқуқҳоро барои шаҳрвандони худ таъмин кардааст, балки онро мехоҳад дар саросари ҷаҳон побарҷо созад. Мо ба ин бовар будем, ки ҷаҳон як рӯз Амрико мегардад: ҳамон гуна демократӣ, одил ва мустақил.
Ин бовару эътимоди мо то дер давом мекард, агар ҳаводиси Ироқ, Афғонистон ва баъдан кишварҳои дигари Шарқи Наздик пеш намеомад ва пештар аз ин мафҳумҳои “демократияи нафтӣ”, “манфиатҳои геостратегиву геополитикӣ” ва дигарон пайдо намешуд. Ивазшавиии президентҳои нав ба нав дар Амрико низ, ки ҳади ақалл дар 8 сол сурат мегирад, барои мо тасхиркунанда боқӣ мемонд, агар ин хулоса ҳам пайдо намешуд, ки шахсиятҳои “нарм”-у “дағал” аз ҳисоби демократҳову ҷумҳурихоҳон яке аз паи дигар ҳадафмандона ва барои идомаи “демократияи нафтӣ”, “манфиатҳои геостратегиву геополитикӣ” нест.
Бубинед, интихоби “ғайриинтизори” Шумо дар интихоботи президентии ахири ИМА, дар Тоҷикистон ҳам хеле умедворкунанда пазируфта шуд. Ҳатто то он андоза, ки як нафар, ки худро Раиси ҲДТ медонад, умед дорад бо омадани Шумо ба қудрати сиёсӣ, ҷанг дар кураи замин камтар мешавад. Ин гуна андешаро саҳлу содда нагиред, балки ҳамчун воқеияте пазиред, ки аз шинохти Амрико дар ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон ҳосил шудааст. Яъне, мардум ба хулосае расидаанд, ки сабаби нооромиҳо дар ҷаҳон Амрикост ё натиҷаи бархӯрди Амрико бо кишварҳои дигари ҳамвазни худ.
Гуфтан мехоҳам, ки баробариву демократия албатта хуб аст, агар он танҳо парчам набошад. Замон ҳам дигар мисли 25-26 соли пеш нест, ки одамон маълумотро танҳо аз як манбаъ бигиранд ва байни пропагандаву иттилои ғаразнок ё холис фарқ нагузоранд. Мардуми дунё, аз ҷумла тоҷикон, акнун медонанд, ки демократия дар баробари арзёбиҳои дигар, пеш аз ҳама маънои таъмини адолатро дорад. Аз ин хотир, на танҳо дар Амрико, ҳатто дар Тоҷикистон ҳам одамон бовар кардан мехоҳанд, ки замони раёсататон Шумо бештар ба масоили дохилии кишвари худ андармон мешавед ва ба дигарон, ки хоҳиши зиндагии шоиста дар ватани худро доранд, кӯмак мерасонед, на халал!
Ин нуктаро махсус барои он таъкид карданиам, ки “демократиясозӣ” –ҳои ғарбӣ бисёрии вақт ба демократҳои самимиву ба арзишҳо содиқи кишварҳо танҳо зарар овардаанду бас. Агар не, нодида гирифтани помолшавии ҳуқуқи инсон, аз арзишҳои демократӣ хеле дур рафтани “президентҳои мудомулумр”, фирор аз Ватан намудану ба зиндон афтидану кушта шудани садҳо адолатхоҳон чаро пинаки касеро вайрон намекунаду барои чӣ “стратегияҳои нав” барои минтақа сохта, ҳамкориҳои танготангро бо режимҳои ғайридемокративу авторитарӣ ба роҳ мондаанд? То ин ки мардуми озодфикри боқимондаро низ аз байн бибаранду барои “стратегияҳои нав”-и Ғарб, ки шояд аслан набуди мардуми озодфикрро дар назар дорад, замина фароҳам биёяд?
Мо бовар кардан мехоҳем, ки интихоби пурсару садои Шумо маънои онро дорад, ки мардуми Амрико рисолати нави ин кишвари абарқудратро дарк кардаанду роҳандозии онро ба Шумо бовар. Мо ба ин интихоб эҳтиром қоилем ва умед дорем дар заминаи ин интихоб кишвари худро ҳам мисли “орзуҳои амрикоӣ” пешрафта мебинем. Таманнои инҷониб, ки шояд аз он садҳову ҳазорон нафар дар Тоҷикистон ҷонибдорӣ мекунанд, танҳо ҳамин аст. Агар орзуву ҳадафи Шумо низ ҳамин аст, пас тасаввур кунед, ки дар дунё, ки Тоҷикистон як пораи он аст, садҳову ҳазорон ҳаводору ҷонибдор пайдо кардаеду барои муваффақиятҳоятон шабу рӯз дуо мекунанд. Ва ин садҳову ҳазор нафар, агар ҳоло дар орзуи дидани кишвари Шумоанд ё шояд якумрӣ нияти рахти сафар ба Амрикоро доранд, аз ин мақсад бармегарданд, чун Амрикоро дар Ватани худ, хонаи худ хоҳанд дид.
Фикр мекунам ҳама ҳарфамро гуфтаму Шумо ҳам шунидеду ба умқаш даррасидед.
Боқӣ муваффақ бошед!
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |