Искандаров: Ҷои “старекс”-у “мерседес”-ро автобусҳо мегиранд
Шаҳрдории Душанбе ният дорад, зина ба зина дар кӯчаҳои пойтахт ба ҷои “старекс”-у “мерседес”-ҳои мусофирбар ҳаракати автобусҳоро роҳандозӣ кунад.
Ғаюрбек Искандаров, директори муассисаи “Душанбенақлиётхадамотрасон" имрӯз, 18 январ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, баровардани автобусҳо ба ҷои “старекс”-у “мерседес”-ҳои нав аз ҳафтаи оянда оғоз мешавад: “Корро аз кӯчаи Неъмат Қарабоев оғоз мекунем ва зина ба зина монанди хиёбони марказӣ дар кӯчаҳои дигари пойтахт роҳандозӣ мешавад”.
Ӯ афзуд, барои таъмини талаботи пойтахт то моҳҳои апрел-май боз автобусҳои нав ворид мешаванд. Ба суол, ки автобусҳоро кӣ ва аз кадом давлат ворид мекунад, Искандаров посух дод, ки ҳукумат тендери байналмилалӣ эълон мекунад ва беҳтаринҳо интихоб хоҳанд шуд.
Раиси “Душанбенақлиётхадамотрасон” далели ивазкунии “старекс” ва “мерседес”-ҳоро ҳалли мушкили мусофирбарӣ ва ҷилавгирӣ аз танбашавии нақлиёт арзёбӣ кард.
Ин дар ҳолест, ки феълан дар Душанбе даҳҳо ҷамъиятҳои мусофирбарӣ фаъолият дошта, ҳудуди 2 ҳазор “старекс”-у “мерседес”-ро дар бар мегиранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |