Дари бастаи “биотуалетҳо”: Бӯи ғализашон боиси нигаронии мардум шудааст (АКС)

Масъулини идораи санитарии шаҳри Хуҷанд дари чанд “биоҳоҷҷатхона”-ро бастааст.
Ин ниҳод далели қатъи фаъолияти 5 “биотуалет”-ро “фаъолияти ғайрисанитарӣ ва пайдо кардани бӯйи ғализ” мегӯяд: “Бино ба талаботҳои санитарӣ “биоҳоҷатхона”-ҳо ҳар соат бояд тоза карда шаванд, вале онро дар 2-3 рӯз ҳамагӣ як маротиба тамиз менамоянд, ки оқибат бӯйи ғализаш боиси нигаронии мардум гардидааст”.
Моҳи ноябри соли 2015 ҶДММ “Лекс” дар шаҳри Хуҷанд ва гирду атрофи он беш аз 50 “биоҳоҷатхона” насб кард. Шуҳрат Тоҷибоев, намояндаи ин ширкат он замон ба хабаргузории “Озодагон” гуфта буд, ин “биоҳоҷатхона”-ҳо дар мувофиқа бо шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ насб шуда, онҳоро аз кишвари Русия овардаанд: “Онҳо асосан дар ҷойи серодам, аз ҷумла назди Регистони Панҷшанбебозор, Арт-галерея, мағозаҳои Қайроққум, Анис, даромадгоҳи Ҷумъабозор, Боғи Ғалаба, Автовокзали куҳна, меҳмонхонаи Эҳсон ва Беморхонаи вилоятӣ гузошта шудаанд”.
Дафтари матбуоти шаҳрдори Хуҷанд ба хабаргузории “Озодагон” гуфта буд, барои фаъолияти ин гуна ҳоҷатхонаҳо то 31 декабри соли 2017 иҷоза дода шудааст.

Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |