Бинобар сабаби фаромадани тумани ғафс ва коҳиш ёфтани меъёри биниш парвоз ва нишасти ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Душанбе аз субҳи 05.12.2011 маҳдуд гардид.
Оғоз аз соати 13-и ҳамин рӯз туман каме пойин шуд ва ба хатсайри Душанбе- Маскав, Душанбе-Алмаато ва Душанбе-Хуҷанд ҳавопаймоҳо парвоз карданд. Рейсҳои Сургут-Душанбе, Новосибирск-Душанбе, Санкт-Петербург -Душанбе алъон дар фурудгоҳи Хуҷанд қарор доранд. Дар назар аст, ки бо бартараф шудани туман ва пайдо шудани имкони биниш парвозҳо аз нав мувофиқи ҷадвал сурат мегиранд.
Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе зимни ташреҳи ин хабар гуфт, айни замон парвози ҳавопаймоҳо ба дигар хатсайрҳо идома дорад.
Мӯҳр