Додгоҳ: Кашмакаш барои пулу мол 60% зиёд шудааст
Наим Мансурзода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон аз афзоши боварии мардум ба судяҳо хабар дод.
Мансурзода имрӯз, 18-уми январ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, соли гузашта судҳои иқтисодии кишвар 3080 арзу шикоятро баррасӣ кардаанд, ки ин нишондод дар муқоиса ба як соли пеш 60% зиёд мебошад. Ӯ афзоиши шикояти мардумро ба додгоҳҳои иқтисодии кишвар далели зиёд гардидани боварии мардум ба додрасҳо ва адолати додгоҳӣ унвон карда, афзуд, ки ин омор инчунин аз баланд гардидани донишҳои ҳуқуқии мардум шаҳодат медиҳад: “Фикр мекунам маърифти ҳуқуқии шаҳрвандон баландтар шудааст. Дигар ин ки бовар мекунанд, дар суд ҳақиқату адолат аст. Агар таҳлил карда бароем аризаҳои даъвоӣ зиёду шикоят аз болои санадҳои судӣ камтар шудааст. Яъне фаъолияти судҳо беҳтар ва боварӣ ба онҳо бештар шудааст”.
Иддаои зиёд шудани боварии мардум ба судяҳо дар ҳолест, ки соли гузашта бархе аз созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон аз риоя нашудани адолати додгоҳӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон садо баланд намуда буданд. Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 16 январ дар шарҳи иддаои созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ дар бораи нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфт, “ин кори онҳост. Тоҷикистон кишвари мустақил ва Конститутсияи худро дорад. Мақомоти Тоҷикистон тамоми талошро барои ҳифзи ҳуқуқи инсон равона кардаанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |