Раиси вилоят гуфт, беш аз 320 сокини Суғд дар Сурия ҳастанд (САДО)

Раиси вилояти Суғд мегӯяд, 322 сокини шимоли кишвар дар ҷангҳои Сурия қарор дорад. Абдураҳмон Қодирӣ ин нуктаро 17 январ аснои нишасти хабарии солонааш ба журналистон изҳор дошт.
Ӯ гуфт, аз ин теъдод 39 нафар ҳамроҳи хонаводаашон рафтаанд. Миёни сокинони Суғд, ки дар Сурия ҳастанд, 42 ҷавон ва 28 духтар низ будаанд. Теъдоди ҳалокшудаҳо ба 51 нафар мерасад.
Ба иттилои ҷаноби Қодирӣ, дар ҷангҳои Ҷумҳурии исломии Афғонистон 51 ва дар муҳорибаҳои Ҷумҳурии исломии Покистон 73 сокини Суғд иштирок доранд. Аммо вай гуфт, теъдоди чунин афрод назар ба 3 соли пеш хеле коҳиш ёфтааст: “Аллакай мардум фаҳмиданд, ки ин ҳама дасисаҳои гуруҳҳои баъзе аз ашхосу давлатҳое аст ва мо низ аз ин хеле хурсанд шудем. Мо корҳои фаҳмондадиҳиро ягон дараҷа суст накардаем ва дар ҳама шаҳру ноҳияҳо он идома дорад”.
Раиси вилоят афзуд, дар баробари ин дар қаламрави вилоят 193 нафар бо иттиҳоми қасди халал расонидан ба сохти конститутсионии давлати Тоҷикистон боздошт шудаанд: “Феълан мақомоти дахлдор алайҳи онҳо чораҳо андешида истодаанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |