Бахшҳо
18 янв 2017 10:16Тоҷикистон / Иқтисодӣ

17 шикояти муштариён аз бонкҳо ба Додгоҳи иқтисодӣ

Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон мегӯяд, дар як соли ахир бонкҳои кишвар барои пардохт накардани қарзҳои худ аз ҷониби муштариён 521 аризаи шикоятӣ пешниҳод кардаанд.

Наим Мансурзода, раиси Суди олии иқтисодӣ имрӯз, 18 январ дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, бештари аризаҳо аз ҷониби “Агроинвестбонк” ирсол шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ин бонк алайҳи муштариёни худ 137 аризаи шикоятӣ навиштааст: “Бонки миллӣ 10 ариза, Амонатбонк 12, Ориёнбонк 6 ариза, Тоҷиксодиротобонк 28, Бонки рушди Тоҷикистон 12, Спитаментбонк 29, Эсхата 79 ва Тоҷпромбонк 5 ариза навиштаанд”.

Ба гуфтаи ӯ, дар пайи баррасии ин шикоятҳо 530 миллиону 675 ҳазору 613 сомонӣ, 131 миллиону 789 ҳазору 173 доллар ва беш 18 миллион евро, ки дар маҷмӯъ беш аз 2 миллиарду 9 миллион сомониро ташкил медиҳад, ба бонкҳо баргардонида шудааст. Дар ҳамин ҳол, аз ҷониби муштариёне, ки сари вақт натавонистаанд, маблағҳои худро аз бонкҳо бигиранд, 17 аризаи шикоятӣ нисбати бонкҳои кишвар ворид шудааст: “Масалан нисбати Агроинвестбонк, Тоҷиксодиротбонк, Тоҷпромбонк ва чанд бонки дигар чунин аризаҳои шикоятӣ ворид шудааст”.

Ҷаноби Мансурзода афзуд, дар соли гузашта ҳолатҳое низ буд, ки муштариён хонаҳои худро ба гарав монда, аз бонкҳо қарз мегиранд ва дар пайи баргардонида натавонистани қарз манзил ба музояда гузошта мешавад: “Дар соли 2016, Суди иқтисодии шаҳри Душанбе 58 парванда, Суди иқтисодии Хатлон 64, Суди иқтисодии Суғд 11 ва Суди иқтисодии Бадахшон 3 парвандаи марбут ба баҳси манзилҳои ба гаравгузоштаро баррасӣ намуданд”.
Мӯҳр
Гами халкро ки мехурад. Ман квартплата месупорам. Пуламро барои чи Агроинвестбонк чанд мох шудааст, намедихад. Договори мо тамом шуду пуламонро гирифта наметавонем. Зиндагии вазнин дорем, пуштибон хам нест. Ин кадар асаб хароб кардем, зарари моддию маънави дидем. Чаро додгоххо ва ревизорхо сукут мекунанд ё ин додгоххо факат барои камбагалхо додгох хастанд. Эътикодам канд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)