ВКД: Ҷавон падарандарашро кушта, зери хок кардааст
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 24-солаи ноҳияи Восеъ бо иттиҳоми куштор хабар додааст.
Бино ба иттилои ин ниҳод, дастгиршуда, 17 декабри соли равон бо падарандари 62-солааш муноқиша намуда, ӯро латту кӯб мекунад. Манбаъ мегӯяд, дар пайи ин ҳодиса мард ба ҳалокат расидааст: “Сипас, ӯ ҷасади падарандарашро дар заминҳои кишти гандуми деҳаи Навкорами ноҳия бурда, зери хок намудааст”.
Ба иттилои торнамои ВКД, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.
Ин нахустин ҳолати куштори падарандар дар Тоҷикистон нест. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон моҳи апрели соли 2016 аз боздошти як сокини 28-солаи ноҳияи Шаҳритус бо иттиҳоми қатли падарандари 53-сола ва моҳи октябри ҳамон сол аз боздошти сокини 59-солаи шаҳри Душанбе бо гумони куштори падари 78-солааш хабар дода буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |