Таҳдиди 7 соли зиндони ронандае, ки сабаби ҳалокати 1 тоҷик ва 6 каси дигар шуд
Додгоҳи Саратов имрӯз, 17 январ дар пайи дархости муфаттиш ронандаи автомашинаи боркаши “Волво”-ро, ки сабаби садамаи маргбор шуд, барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифтааст. Дар ин бора Екатерина Пирская, намояндаи Раёсати тафтишотии Русия хабар додааст.
Дар пайи садамаи шаби 15 январ дар ноҳияи Петровский (вилояти Саратов)-и Русия ҳафт нафар, бо шумули чор шаҳрванди Қирғизистон, ду табааи Узбакистон ва як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.
Денис Фадеев, сардори ноҳияи Петровский ба расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, эҳтимол ронандаи 32-солаи боркашро сари чамбари мошин хоб бурдааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |