Бахшҳо

Тими «Истиқлол» ба дастаи «Равшан» наздик мешавад

Ду бозии мавқуфмондаи сабқати Лигаи олии футболи тоҷикистон баргузор гардид.


Дар ин давр тими «Истиқлол»-и Душанбе бо дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа қувваозмоӣ карда, бо ҳисоби 4 бар 0 ғолиб омад. Ин бозии мавқуфмондаи даври 28-уми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон буда, рӯзи 3-юми декабр дар варзишгоҳи “Авиатор”-и шаҳри Душанбе сурат пазируфт. Ҳамин тариқ,  футболбозони “Истиқлол” дар ду бозии мавқуфмондаи мусобиқот ба даврвозаи “Вахш” шаш голи беҷавоб заданд.

Ҳамчунин, бозии дигари мавқуфмондаи даври 39-уми мусобиқот рӯзи 3-юми декабр дар шаҳри Хуҷанд миёни дастаҳои “Хуҷанд”- “Энергетик” баргузор шуд. Ин бозӣ бо ҳисоби 3 бар 1 ба фоидаи дастаи «Энергетик» поён ёфт.

Айни ҳол дар ҷадвали мусобиқот “Равшан” бо 89 имтиёз дар ҷои аввал қарор дорад. Футболбозони тими «Равшан» ду бозии охиринашонро бо дастаи “Истиқлол” дар Душанбе ва дар майдони худ анҷом хоҳанд дод. “Регар-ТадАЗ” бо 86 имтиёз дар мақоми дуюм аст ва чаҳор бозии дигар дорад. Футболбозони дастаи «Регар ТадАЗ» дар меҳмонӣ бо дастаҳои “Хуҷанд”, “Истиқлол”, “Энергетик” ва ССКА “Помир” бозӣ хоҳанд кард. Дастаи “Истиқлол”, ки бо 84 имтиёз дар ҷои саввум мебошад, ғайр аз ду бозӣ бо “Равшан”, бо дастаҳои ССКА “Помир”, “Гвардия” (2 бозӣ), “Шодмон”, “Энергетик” ва “Регар-ТадАЗ” дар Душанбе вориди рақобат мешавад.Чаҳор бозии мавқуфмондаи мусобиқот рӯзи 6-уми декабр миёни дастаҳои ССКА “Помир”  - “Истиқлол”, “Хуҷанд”- “Регар ТадАЗ”, 7-уми декабр - “Парвоз”- “Энергетик” ва 9-уми декабр “Истиқлол”-”Гвардия”барпо мегарданд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)